IQNA

Конфронси байналмилалии «Ояндаи ҷаҳон ва масоили нави фалсафӣ» баргузор мешавад

22:41 - November 16, 2025
рақами хабар: 4123
Конфронси байналмилалии «Ояндаи ҷаҳон ва масоили нави фалсафӣ» бо ҳадафи баррасии чолишҳои асосии пеши рӯи башарият ва таъсири онҳо бар пайдоиши масоили нави фалсафӣ, рӯзи 29 обон, ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ба шакли онлайн ва нимрӯзӣ дар Табрез ва Вейн баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақли райзании фарҳангии Эрон дар Австрия, ин рӯйдоди муҳими илмӣ, ки бо ташаббуси Донишгоҳи Табариз ва райзании фарҳангии Эрон дар Австрия (Хонаи Ҳикмати Эрониён, Вейн) ташкил шудааст, бори аввал дар таърихи Эрон бо ҳузури ҳамзамони шуморе аз фалсафишиносон ва муҳаққиқони барҷастаи ҷаҳон, рӯзи 29 обон 1404 (20 ноябри 2025) баргузор мегардад.

Бартарии ин рӯйдод дар он аст, ки шунавандагон метавонанд суханрониҳои махсус ва гуфтугӯи мустақим бо ин гурӯҳи нодири мутафаккирони пешсафро бишнаванд. Дар ин конфронс мавзӯъҳои гуногун ба шакли амиқ баррасӣ мешаванд, бо таъкид бар инки фалсафа чӣ гуна бояд бо онҳо рӯбарӯ шавад.

Аз ҷумлаи меҳварҳои асосии конфронс:

буҳрони муҳити зист ва тағйироти иқлим,

фанноварии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ,

каромати инсонӣ ва ҷаҳонватанӣ,

ояндаҳои эҳтимолии фалсафӣ.

Конфронс ба шакли суханрониҳои зинда баргузор мешавад ва барои ҳамаи шавқмандон аз саросари ҷаҳон дастрасии ройгон аз тариқи пайванди толори виртуалӣ фароҳам хоҳад буд.

Ризо Ғуломӣ, райзани фарҳангии Эрон дар Австрия ва раиси Хонаи Ҳикмати Эрониён дар Вена гуфт:
«Вейн — пойтахти гуфтугӯҳои фикрӣ — ҳамроҳи Донишгоҳи бузурги Табрез, мизбони фикрии ин рӯйдод мебошад. Ҳузури ҳамзамони ин гурӯҳи арзишманд аз фалсафишиносон ва муҳаққиқони барҷастаи Эрон ва ҷаҳон, ин конфронсро дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фалсафии соли 2025 табдил медиҳад. Ин ҳамоиш Эронро дар маркази гуфтугӯҳои ҷаҳонии фалсафа қарор дода, ҷараёни фалсафаро бо матраҳ кардани масъалаҳои муҳим ва нав зинда нигоҳ медорад.»

Шавқмандон метавонанд барои гирифтани пайванди иштирок ба вебсайти Донишгоҳи Табрез ё вебсайти Хонаи Ҳикмати Эрониён дар Вейн муроҷиат кунанд:

https://literature.tabrizu.ac.ir/en

https://wisdomhouse.at

Ин конфронс аввалин ҳамкории муштараки Донишгоҳи Табрез ва Хонаи Ҳикмати Эрониён дар Вейн дар соҳаи фалсафаи амалӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва интизор меравад муҳаққиқон ва донишпажӯҳон аз Эрон ва кишварҳои дигар аз баҳсҳои он истиқбол кунанд.

4316873

captcha