IQNA

Нависандаи марокашӣ дар суҳбат бо ИҚНО:

Ҳазрати Фотима (с) дар таҳкими рисолати Паёмбар (с) нақши бисёр муҳим дошт

12:01 - November 24, 2025
рақами хабар: 4147
Ҳайот Лаълаб таъкид кард, ки ҳазрати Заҳро (с) аввалин мактаби бонувонро барои омӯзиш ва боло бурдани огоҳии занон таъсис дода, хонаи мубораки худро ба маркази омӯзиши ин қисми ҷомеа табдил дода буд. Ҳамчунин, ӯ дар таҳкими рисолати ноби Паёмбар (с) ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ нақши хеле барҷаста дошт.

Бар асоси яке аз ривоятҳои муҳаққақ, сенздаҳуми Ҷамодул-аввал (мувофиқ ба, сеюми азар) солрӯзи шаҳодати ҷонгудози духтари Паёмбари Ислом (с) — ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) мебошад.

Бо мақсади пардохтан ба нақши иҷтимоии ҳазрати Фотима (с), бузургтарин фазоилу маноқиби он ҳазрат дар Қуръони карим, зарурати пайравии занони мусалмон аз сирраи поки ӯ ва ҷойгоҳи баланди ин бонуи азиз назди Паёмбар (с), хабаргузории ИҚНО дар айёми Фотимия бо «Ҳайот Лаълаб» — нависанда ва фаъолмасоили марокашӣ мусоҳиба анҷом додааст. Матни пурраи он чунин аст:

ИҚНО — Чаро ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро «Сайидаи занони ҷаҳониён» мехонанд?

Худованди Мутаъол ҳазрати Фотима (с)-ро ба сифатҳое махсус гардонидааст, ки ҳеҷ зани дигар пеш аз ӯ ба он мақомҳо нарасида буд. Ҳазрати Сиддиқа Фотима (с) дорои баландтарин дараҷаҳои камол буд ва дар ривоятҳои мухталиф низ ҷойгоҳи бениҳояш назди Худо таъкид шудааст.

Ӯ духтари хотам-ул анбиё, «умм абиҳо» (модари падар) ва модари имомон (а) аст. Илова бар ҳамаи корҳои дигаре, ки дар огоҳибахшӣ ба занон ва гуфтани калимаи ҳақ анҷом медод, ӯ пуштибони вилояти Имоми Алӣ (а) низ буд.

Агар ба офариниши ҳазрати Фотима (с) назар кунем, ривоят шудааст, ки ӯ аз меваи дарахти Тӯбо — дарахти биҳиштӣ — офарида шудааст ва сарчашмаи маънавии ӯ аз нури бузургии Худо офарида гардидааст.

Рост аст, ки ҳазрати Марям (с) «сарвари занони даврони худ» буд, аммо ҳазрати Фотима (с) «сарвари ҳамаи занони ҷаҳон дар тамоми замонҳо» мебошад. Лақаби «Сайидату нисоъул-оламин» дар китобҳои аҳли суннат низ омадааст, аз ҷумла дар «Саҳеҳи Бухорӣ», «Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя» ва «Канзул-уммол».

Матнҳои ривоӣ миёни мусалмонон ҳамеша бар мақому мартабаи волои сарвари занони ҷаҳон таъкид мекунанд, зеро ҳазрати Фотима (с) оинаи тамоми дараҷаҳои камол аст. Тавре ки Имом Ҳасани Аскарӣ (а) фармудаанд, ӯ бузургтарин нишонаи илоҳӣ мебошад.

ИҚНО — Ғайр аз нақши модарӣ ва ҳамсарӣ, нақшҳои иҷтимоии ҳазрати Фотима (с)-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳазрати Фотима (с) дар майдонҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳузур ва нақш доштанд: ҳамчун ҳамсар ва ҳамдаму парастори Паёмбар (с) дар тамоми умри муборакаш ва ҳамчун модар барои фарзандонаш — Ҳасан, Ҳусайн ва Зайнаб (а). Бо вуҷуди шароити бисёр душворе, ки бар аҳли байт ҳукмфармо буд, ин ҳама ӯро аз иҷрои масъулиятҳои иҷтимоӣ бознадошт.

Ҳазрати Фотима (с) дар муҳимтарин фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ширкат мекарданд, аз ҷумла дар омӯзиши занон, зеро аввалин мактаби занонро барои баланд кардани дониш ва огоҳии онҳо таъсис доданд. Ҳамчунин, дар корҳои ҳамбастагии иҷтимоӣ — мисли кӯмак ба фақирон ва ниёзмандон — саҳми фаъол доштанд.

ИҚНО — Бузургтарин фазилату маноқиби ҳазрати Фотима (с) дар Қуръон кадомҳоянд?

Ҳазрати Фотима (с) фазоили зиёде доранд, ки Қуръони карим ба онҳо ишорат мекунад. Худованд дар ояти 33 сураи Аҳзоб мефармояд:

«إِنَّمَا یُرِیدُ اللَّهُ لِیُذْهِبَ عَنْکُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَیْتِ وَ یُطَهِّرَکُمْ تَطْهِیرًا»

«Худо мехоҳад ҳар чизе, ки нопокист, аз шумо аҳли байт дур кунад ва шуморо ба таври комил пок гардонад.»

Ин ояти муборак дар бораи Ашоби Кисо нозил шудааст ва Паёмбар (с) фармудаанд:
«Парвардигоро, инҳо аҳли байт ва наздикони мананд; пас, палидиро аз онон дур кун ва пурра покашон гардон.»

Ин оят исбот мекунад, ки маъсумият ба Асҳоби Кисо тааллуқ дорад.

Дар сураи Кавсар Худованд мефармояд:

«إِنَّا أَعْطَیْنَاکَ الْکَوْثَرَ»

«Инно аътайна-кал кавсар» — «Мо ба ту Кавсарро ато кардем.»
Яъне Худо ба Паёмбар (с) мужда дод, ки насли ӯ аз ҳазрати Фотима (с) давом хоҳад кард.

ИҚНО — Аҳамияти пайравии занони мусалмон аз зиндагиномаи ҳазрати Фотима (с)-ро чӣ гуна мебинед?

Агар зани мусалмон зиндагии Фотимаи Заҳро (с)-ро барои худ намуна бигирад, иффату ҳиё ба ҷойи беҳаёӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона аз фарҳанги ғарбӣ хоҳад нишаст. Зани мусалмон ба мактаби тарбият табдил мешавад, ки фарзандони худро дар роҳи Исломи ноби Муҳаммадӣ таълим медиҳад.

Аз ин рӯ, ақл ва хирад ҳукм мекунад, ки зани мусалмон бояд аз чунин намунаи бузург пайравӣ кунад, то дар дунё ва охират роҳи дурустро бипаймояд.

4316272

captcha