IQNA

Ҳамид Аҳмадӣ баён кард

300 нафар аз 12 кишвар — меҳмонони Панҷумин Конгресси Фаъолони Фарҳангии Арбаин

23:46 - December 01, 2025
рақами хабар: 4178
Раиси Кумитаи фарҳангӣ ва омӯзишии Ситоди марказии Арбаин аз иштирок ва ҳузури 300 фаъоли фарҳангӣ аз 12 кишвар дар Панҷумин Конгресси байналмилалии Фаъолони Фарҳангии Арбаин хабар дод.

Ба гузориши ИҚНО, бо нақли Кумитаи фарҳангӣ ва омӯзишии Ситоди марказии Арбаин, охирин барномаҳо ва иқдомоти вобаста ба Панҷумин Конгресси байналмилалии фаъолони фарҳангии Арбаин бо ҳузури аъзои Ситоди иҷрокунандаи бахши фарҳангӣ дар шаҳри Қум баррасӣ гардид.

Ҳуҷҷатулислом Аҳмад Сайёҳӣ, раиси Ситоди иҷрокунандаи Конгресси байналмилалии фаъолони фарҳангии Арбаини Ҳусайнӣ, дар нишасти ин ситод бо шарҳи сафари ахири худ ба Ироқ ва натиҷаҳои мулоқот бо гурӯҳи ироқӣ гуфт: меҳмонон аз Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Лубнон, Сурия, Туркия, Покистон, Афғонистон ва чанд кишвари Африқо ба ин конгресс даъват шудаанд.

Ӯ афзуд: қарор аст меҳмонон аз ҳар миллат бо ихтисосҳои гуногун дар ин барномаи байналмилалӣ иштирок кунанд, то аз имконот ва тавонмандиҳои бештари фаъолони Арбаин истифода шавад.

Ӯ тасреҳ кард: тақрибан 300 нафар аз фаъолони фарҳангӣ, таблиғӣ, пажӯҳишӣ, расонаӣ ва фаъoли фазои маҷозии марбут ба Арбаин аз 12 кишвар меҳмони Панҷумин Конгресси байналмилалии Фаъолони Фарҳангии Арбаин дар шаҳри Машҳад хоҳанд буд. Ғайр аз меҳмонони хориҷӣ, аз вилоятҳои гуногуни кишвар низ 200 нафар аз фаъолони Арбаин дар ин конгресс ҳузур меёбанд, то барномаҳои ниҳоии фарҳангӣ ва ҳамоҳангиҳо барои Конгресси ҷаҳонии Арбаини соли оянда анҷом дода шавад.

Ҳамчунин дар ин нишаст масъулони бахшҳои гуногун гузориши корашонро дар бораи омодагиҳо барои баргузории Панҷумин Конгресси байналмилалии фаъолони фарҳангии Арбаин пешниҳод карданд ва барои беҳтар намудани сохтор ва кори комиссияҳо пешниҳодҳои худро матраҳ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Панҷумин Конгресси байналмилалии Фаъолони Фарҳангии Арбаин аз 25 то 28-уми озар дар Машҳади муқаддас баргузор хоҳад шуд.

4320041

captcha