IQNA

Таҳлили рӯзномаи Вашингтонпост аз паёмадҳои қуръонсӯзӣ дар Шветсия ва Дания

17:31 - September 05, 2023
рақами хабар: 418
Вашингтонпост дар мақолае вазъияти пеши рӯи Шветсия ва Дания пас аз қуръонсӯзиро чолиши бузург дар миёни тааҳҳуди иддаое ба “озодии баён” ва буҳрони ношӣ аз беҳурматӣ ба муқаддасоти мусалмонон тавсиф мекунад.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Вашингтонпост, вазъияти кунунии Шветсия ва Дания пас аз ҳатки ҳурмати мукаррари муқаддасоти исломӣ, чолиши бузургест, ки онҳоро дар миёни пойбандии иддао шуда ба “озодии баён” ва буҳрон дар равобит бо мусалмонон ба далели ҳатки ҳурмати муқаддасот қарор медиҳад.

Бино бар сармақолае, ки дар вебсайти ин рӯзнома интишор ёфтааст, Шветсия ҳамчунон иддао мекунад, ки ба усули худ яъне озодии баён пойбандаст, аммо ин пойбандии иддао шуда мушкилоти фаровонеро барои ин кишвар дар пай хоҳад дошт агарчи давлати Шветсия мегӯяд, ки дар ҳоли мутолиаи роҳҳое барои ҷилавгирӣ аз такрори сӯзондани Қуръона ст. Аз тарафи дигар Дания тасреҳ кардааст, ки бояд роҳеро барои манъи ҳатки ҳурмати Қуръон ва дигар мутуни муқаддас биёбанд.

Агарчи ду кишвар ин иқдомотро маҳкум, аммо ҳар ду иддао кардаанд, ки ба далели пойбандии худ ба озодии баён наметавонанд бо ин иқдомот мухолифат кунанд; аммо кишварҳои исломӣ мухталиф ин тавҷеҳро напазируфта ва эътирозоти густардае ба ин ду давлат доштаанд. Ин буҳрон танҳо ба осеб дидани виҷҳаи ин кишварҳо маҳдуд намешавад балки эътирозоти густардаи мусалмонони ин кишварҳо низ бахше аз ин осеб аст.

Пас аз ҳатки ҳурмати Қуръон дар Шветсия, сафорати ин кишвар дар Бағдод мавриди ҳуҷум қарор гирифт ва аз сӯи дигар узвияти Шветсия дар НАТО низ дар маърази хатари қарор гирифтааст. Туркия яке аз аъзои Мусалмони НАТО, мухолифати худ бо вуруди Шветсия ба ин созмонро эълон кардааст.

Дар пайи қуръонсӯзии ахир дар Шветсия, Ожонси аслии амнияти ин кишвар сатҳи таҳдиди тероризмро ба болотарин ҳадди худ расонд ва нахуствазири ин кишвар гуфт, ки ин Шветсия бо ҷиддитарин таҳдиди худ аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум рӯ ба рӯ аст.

Аз сӯи дигар давлати Дания ба дунболи мамнӯъ кардани ҳатки ҳурмати муқаддасот ва ҷурм ингории он аст. Вазири додгустарии ин кишвар тасреҳ кардааст: ба ҷои сӯзондан равишҳои мутамаддинонатаре барои баёни дидгоҳҳо вуҷуд дорад.

Шуморе аз аҳзобу гуруҳҳои ростгарои ифротӣ ба шиддат бо вазъи ҳаргуна маҳдудияте алайҳи беҳурматӣ ба муқаддасот мухолиф ҳастанд. Ба гуфтаи ин гуруҳҳо ва аҳзоб ин амр ба сароҳат маҳдудияти озодии баён буда ва мухолиф бо ҳуқуқи бунёдини ашхос аст. Бисёре ин иддаоро рад мекунанд ва онро дастовезе барои касби қудрати сиёсӣ аз тариқи доманзадан ба исломҳаросӣ ва муҳоҷир ситезӣ тавсиф кардаанд.

captcha