Дафтари Оятуллоҳи Узмо Сайидалӣ Систонӣ, марҷаи олии динӣ, имрӯз — шанбе — аз таваққуфи муваққатии дидори зоирон бо Оятуллоҳ Систонӣ дар шаҳри Наҷафи Ашраф хабар дод.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ас-Сумария Нюс», дафтари Оятуллоҳи Узмо Систонӣ имрӯз, 15-уми озар, аз боздоштани муваққатии дидори зоирон бо эшон дар манзили ӯ дар вилояти Наҷаф хабар дода, бе он ки вақти азсаргирии ин дидорҳоро эълон кунад.
Дар баёнияи дафтари Оятуллоҳи Узмо Систонӣ таъкид шудааст, ки ба ҳамдулиллоҳ эшон аз саломатии хуб бархурдоранд ва зери назорат ва парастории комил қарор доранд. Дар ин баёния аз дӯстдорони эшон хоста шудааст, ки итминон дошта бошанд ва ба овозаҳо таваҷҷуҳ накунанд.
4321189