IQNA

Оғози мусобиқаҳои байналмилалии

1:10 - December 08, 2025
рақами хабар: 4199
Маросими ифтитоҳии 32-юмин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Миср субҳи имрӯз дар Маркази фарҳанги исломӣ, воқеъ дар пойтахти нави идории ин кишвар, баргузор шуд.

Бино ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Newsroom, маросими ифтитоҳии 32-юмин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон, ки аз ҷониби Вазорати авқофи Миср барпо мегардад, субҳи рӯзи — шанбе 6 декабри соли 2025 — дар Маркази фарҳанги исломии пойтахти нави идории ин кишвар баргузор шуд.

Маросим бо тиловати Қуръони Карим аз ҷониби қории маъруфи мисрӣ, шайх Маҳмуд аш-Шаҳҳот Анвар, ки мусобиқаи имсола ба номи падари ӯ гузошта шудааст, оғоз гардид.

Усома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср, дар суханронии ифтитоҳии ин маросим гуфт:
32-юмин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон аз рӯйдодҳои барҷастатарине аст, ки вазорат дар тӯли сол барои он омодагӣ мебинад. Ӯ таъкид намуд, ки захираҳои инсонӣ ва созмонӣ барои мизбонӣ ва ташкили яке аз муҳимтарин гирдиҳамоиҳои байналмилалии Қуръонӣ бо ҳузури гурӯҳи баргузидае аз қориён аз саросари ҷаҳон сафарбар карда шудаанд.

Вазир дар суханронии худ илова кард:
Ин мусобиқаҳо ба шарофати талошҳои вазирони авқофи гузашта, ки бар он назорат доштанд, дар давраҳои пайдарпай ба дастовардҳои рӯзафзун ноил шудаанд. Ӯ барои онҳо дуо гуфт ва аз Худованд хост, ки кори ин вазоратро пурбаракат гардонад.

Ал-Азҳарӣ шарҳ дод:
Давраи имсол бо иштироки истисноии қориён аз беш аз ҳафтод кишвар баргузор мешавад. Ин нишондиҳандаи мақоми рӯ ба рушди байналмилалии ин мусобиқа аст. Ӯ аз иштироки намояндагон аз кишварҳои Габон, Камерун, Фаронса, Ҳинд, Нигерия, Қазоқистон, Чод, Уганда, Африқои Ҷанубӣ, Босния ва Ҳерсеговина, Бангладеш, Алҷазоир, Конго, Замбия, Шри-Ланка, Яман, Русия, Индонезия, Лубнон, Қатар, Малайзия, Марокаш ва Миср ёдовар шуд.

Вазири авқоф ба меҳмонон ва аъзои ҳайатҳои доварӣ, бахусус Тофиқ Иброҳим аз Урдун, шайх Ҳусайн Идрис, Зиёд Абдулқодир аз Лубнон ва шайх Муҳаммад Аҳмад аз Мавритания, инчунин дигар доварони кишварҳои арабӣ ва исломӣ, пазироии махсус баён кард.

Ӯ таъкид намуд:
Миср аз ҷиҳати таърихӣ маркази тиловатҳои зебои Қуръон будааст. Ба гуфтаи ӯ: «Гарчанде Қуръон дар Макка нозил шудааст, аммо бо зеботарин овоҳо дар Миср тиловат гардидааст.»

Ал-Азҳарӣ расман оғози мусобиқаҳои байналмилалиро эълом карда, аз пуштибонии президенти кишвар аз ин мусобиқа ва аз ҳамаи касоне, ки ба Қуръон хизмат мекунанд, изҳори қадрдонӣ кард.

Қимати ҷоизаҳои маблағии имсол ба 13 миллион пунди мисрӣ мерасад, ки ин баландтарин маблағ дар таърихи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони ин кишвар ба шумор меравад.

4321216

captcha