IQNA

Муаррифии ҳунари хаттотии исломӣ дар шаҳри Саратови Русия

0:10 - December 13, 2025
рақами хабар: 4213
Дар маросими муаррифии китоби марбут ба ҳунари хаттотии исломӣ дар шаҳри Саратови Русия, ҳозирон бо паҳлӯҳои маънавӣ ва ҳунарии ин санъати исломӣ ошно шуданд.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз muslimsaroundtheworld, дар иқдоме, ки метавонад ба тарвҷи ҳунарҳои исломӣ дар Русия мусоидат кунад, шаҳри Саратов — воқеъ дар маркази Русия — 6 декабр (15 озар) мизбони як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар Китобхонаи маҳаллии улуми ин шаҳр буд.

Ин рӯйдод маросими рӯнамоии аввалин дастури амалӣ ва эҷодии хаттотии арабӣ буд, ки онро Сергей Суручев, муҳаққиқ ва ҳунарманди рус, навиштааст.

Ин иқдом бо истиқболи густурда рӯбарӯ шуд; аз ҷумла муфтӣ Бибарсов ин талошро дастоварди арзанда ва шоистаи қадрдонӣ тавсиф кард.

Ин маросим ба як гирдиҳамоии андешавии васеъ табдил ёфт ва аз қолаби суннатии муаррифии оддии китоб фаротар рафт. Сергей Суручев ба муддати як соат суханронии пурмӯҳтаво ироа карда, зебоишиносии хаттотии арабиро бо ҷанбаҳои гуногуни зиндагии инсонӣ ва иҷтимоӣ пайванд дод. Ӯ шарҳ дод, ки хаттотӣ танҳо навиштори зебо ё бахше аз ҳунарҳои тасвирӣ нест, балки як низоми фалсафист, ки ахлоқ ва тарзи фикрро инъикос мекунад ва дар шаклгирии ҷаҳонбинии инсон нақши муҳим мебозад.

Тарвиҷи ҳунарҳои исломӣ дар Русия

Ҳозирони ин маросим ин асарро иқдоми арзишманд донистанд, ки мавқеи ҳунарҳои исломиро дар фазои фарҳангии Русия тақвият мебахшад.

Бо ин иқдоми нав, Саратов мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои фаъол, ки мероси исломӣ ва ҳунарҳои вобаста ба онро гиромӣ медорад, таҳким бахшида, дар доираи тарҳҳои рӯ ба рушди фарҳангие, ки дониш ва зебоишиносиро бо ҳам меомезанд ва пулҳои фаҳмишу наздикии мардумонро васеъ месозанд, нақши муассир ифо мекунад.

4321940

captcha