IQNA

Кӯшиши як бонуи даниягӣ барои муқовимат бо исломҳаросӣ тавассути тарҷумаи дурусти Қуръон

19:56 - December 15, 2025
рақами хабар: 4221
Элин Волф, бонуи ғайримусалмони даниягӣ буда, дорои дараҷаи докторӣ дар забони арабӣ аст. Ӯ Қуръони Каримро бо ҳадафи муаррифии дини мубини Ислом ба мардуми Дания тарҷума кардааст.

Ба гузориши «Икно» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», тарҷумаи Қуръон ба забони даниягӣ, ки аз ҷониби Элин Волф — шарқшиноси даниягӣ анҷом шудааст, бо забони комилан саҳеҳи илмӣ дар ۵۴۴ саҳифа нашр гардидааст.

Элин Волф, ки барои тарҷумаи Қуръон ба забони даниягӣ се сол вақт сарф кардааст, ҳадаф аз чоп ва интишори ин тарҷумаро муаррифии дини мубини Ислом ба мардуми Дания унвон намудааст.

Ӯ дар ин бора изҳор дошт: бо пешниҳоди ин тарҷума, даниягиҳо бо Ислом ошно мешаванд ва то ҳадде нофаҳмиҳо, дурӯғҳо ва ҳамчунин иттиҳомоте, ки бо мақсади латма задани симои Ислом ба ин дин ворид шудаанд, бартараф хоҳанд шуд.

Ин бонуи мутарҷими Қуръони даниягӣ ҳамчунин иқдоми худро навъе посух ба ҳизби ростгароёни ифротии кишвараш тавсиф кардааст.

Бар хилофи тарҷумаҳои Қуръон дар дигар кишварҳо, ин тарҷума танҳо ба забони даниягӣ аст ва матни он бо матни арабӣ омехта нашудааст. Сабаби ин амр он аст, ки мутарҷими даниягӣ бар ин бовар аст, ки маҳдуд кардани матн ба забони даниягӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба маъно бештар мекунад ва намехоҳад хонандаро миёни ду забон саргардон созад, ҳатто агар хонанда ҳеҷ яке аз ин забонҳоро надонад.

Қобили зикр аст, ки ин мутарҷими даниягӣ, сарфи назар аз майлаш ба истифода аз забони содда ва осон, тарҷумае қавӣ, равшан ва аз лиҳози адабӣ дар сатҳи баланд пешниҳод намудааст. Ҳамчунин дар ин тарҷума аз асбоби нузули оятҳо истифода нашудааст, ки бархе онро нуқсони бузург дар тарҷума медонанд, зеро шарҳи асбоби нузул барои дарки маъноҳои Қуръон зарурӣ шуморида мешавад.

Инчунин дар ин тарҷумаи Қуръон калимаи «Аллоҳ» истифода нашуда, ба ҷойи он калимаи GOD ба маънои Худо омадааст, дар ҳоле ки бар рӯи муқоваи китоб баъзе вожаҳои қуръонӣ, монанди «Қуръонан арабиян» ва «Умм-ул-китоб», навишта шудаанд.

Элин Волф дар бораи ин тарҷумаи Қуръон тавзеҳ дод, ки анҷом додани тарҷумаи Қуръон кори осон набуд, балки бисёр душвору пурмашаққат буд ва беш аз се сол вақт гирифт.

Абдулвоҳид Педерсен, яке аз имомони ҷамоати даниягитабор, дар бораи ин тарҷума гуфт, ки ин тарҷума дари фаҳми Қуръони Каримро барои даниягиҳо боз мекунад ва ба шаклгирии тафаккури умумӣ дар бораи таълимоти дини Ислом кӯмак мерасонад.

Дар ҳамин робита Ҷиҳод ал-Фарро, раиси Маркази исломии Дания, назари Педерсенро таъйид карда, мегӯяд: тарҷума нашудани Қуръон аз ҷониби мусалмононе, ки на тавони молӣ ва на салоҳияти илмӣ доранд, навъе кӯтоҳӣ аст, ки бояд ислоҳ гардад.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки талошҳо барои густариши чунин тарҷумаҳо ва расонидани онҳо ба камол афзоиш ёбанд, то ин тарҷумаҳо барои ақаллияти мусалмон ба манбаи боэътимод табдил шаванд.

Қобили зикр аст, ки нахустин тарҷумаи Қуръон дар Дания соли ۱۹۶۷ мелодӣ аз ҷониби Абдуллоҳ Мадсен, мусалмони даниягитабор, нашр шуда буд, аммо ин тарҷума, бо вуҷуди фурӯши беш аз ۱۰ ҳазор нусха, аз ҷониби мусалмонони Дания ба расмият шинохта нашуд, зеро мутарҷими он ба фирқаи Аҳмадия мансуб буд ва дар китоб иштибоҳоти зиёди луғавӣ ва истилоҳоти душвор вуҷуд дошт. Элин Волф дар тарҷумаи худ, ки дувумин тарҷумаи Қуръон ба забони даниягӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меравад, ин иштибоҳотро ислоҳ кардааст.

4322798

captcha