IQNA

Истиғфор дар Қуръони Карим / 4

Осори истиғфор дар ҳаёти дунявӣ ва охират

12:05 - December 17, 2025
рақами хабар: 4228
Истиғфор дорои осор ва натиҷаҳои гуногун дар сатҳи зиндагии дунявӣ ва охират мебошад.

Аз нигоҳи Қуръон ва ривоятҳо, истиғфор дар зиндагии моддӣ ва маънавии инсон нақш ва таъсири муҳим дорад. Истиғфор, илова бар пок сохтани гуноҳон, шайтонро аз инсон дур мекунад, дилро сайқал медиҳад, нури илмро дар дил равшан месозад, ғаму андӯҳро аз дил мебарад, рӯзиро фарох мегардонад ва ба як ҷумла, аз намудҳои гуногуни офатҳои моддӣ ва маънавӣ пешгирӣ менамояд ва анвои баракатҳои дунявӣ ва ухравиро ба инсон арзонӣ медорад.

Бовар ба таъсири маънавият бар зиндагии дунявӣ ҳаргиз ба маънои заиф шуморидани нақши сабабҳои моддӣ нест, балки мақсад ин аст, ки дар канори унсурҳои моддӣ, омилҳои маънавӣ, монанди истиғфор низ таъсиргузоранд. Масалан, ҳазрати Солеҳ ба қавми худ гуфт: чаро истиғфор намекунед, то мавриди раҳмат қарор гиред? (Намл: 46). Ё ҳазрати Ҳуд яке аз осори истиғфорро баҳраманд шудан аз дунё ва «матоъан ҳасанан», яъне зиндагии дилнишин ҳамроҳ бо оромиши рӯҳӣ, баён мекунад.

Истиғфор дар ҳар фурсат, бахусус дар лаҳзаҳои пурбаракат, осори вижаи худро дорад. Далели ин масъала он аст, ки миёни аъмоли инсон ва ҳаводиси зиндагии ӯ иртиботи таквинӣ барқарор мебошад. Низоми офариниш, бар асоси иродаи илоҳӣ, мутаносиб бо ҳар як амали инсон вокуниши муносиб нишон медиҳад ва мувофиқи он амал, осор ва натиҷаҳояшро дар ҳамин дунё ба соҳиби амал мерасонад.

Аз ин рӯ, бархе аз зикрҳо ва кирдорҳо боиси фурӯрезиши хайрот ва баракатҳои фаровони моддӣ ва маънавӣ дар зиндагии инсон мегарданд ва бархе гуфтору рафторҳо сабаби фурӯомадани балоҳо ва гирифториҳо мешаванд. Албатта Қуръони Карим инсонҳоро ба нигаристан аз уфуқе болотар ва фаротар аз ин робитаҳо даъват мекунад, то бо тамассук ба корҳои нек ва тарки аъмоли бад, ба саодати дунё ва охират ноил гарданд.

3495243

captcha