
Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Сентрал», додгоҳе дар Уммон, пойтахти Урдун, ҳукм содир кард, ки ду бемори саратонӣ ба унвони ҷазои ҷойгузини ҷазоҳои суннатӣ, ба як маркази ҳифзи Қуръони Карим фиристода шаванд.
Ин додгоҳ дар ду парвандаи ҷудогона, бемори аввалро ба ҷурми муқовимат дар баробари маъмурони амниятӣ маҳкум кард ва бемори дувум дар як парвандаи садамаи роҳу нақлиётӣ маҳкум шуд; барои ҳар яки онҳо ҷазои ҷойгузин татбиқ гардид.
Қозии додгоҳи ҷиноятии Уммон ҳар яки онҳоро муваззаф кард, ки ба муддати 48 соат ва ҳар рӯз панҷ соат, сураҳое аз Қуръони Каримро ҳифз намоянд.
Ҳамчунин, қозӣ ба далели вазъи саломатии ин ду бемори саратонӣ дастур дод, ки онҳо дар як барномаи бозтавонбахшӣ сабти ном карда шаванд. Додгоҳи Ғарби Уммон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 300 ҳукми хадамоти иҷтимоиро ба унвони ҷазои ҷойгузини ҷазоҳои суннатӣ иҷро кардааст.
Ин иқдомҳо бахше аз талошҳои дастгоҳи қазоӣ барои коҳиш додани паёмадҳои манфии аҳкоми содиршуда бар муттаҳамон, ба вижа афроди дорои шароити хоси саломатӣ, маҳсуб меёбанд, дар айни ҳол ҳадафи ислоҳгаронаи ҷазоро ҳифз менамоянд.
4323189