
Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз shabiba.com, ин мусобиқот бо ҳамкории Бунёди авқофи «Мустаҳил» аз рӯзи душанбе (24 озар) оғоз гардида, марҳилаи муқаддамотии он то ду ҳафта идома хоҳад ёфт.
Ҳофизоне аз вилоятҳои Масқат, Ал-Бураймӣ, Шимолу Шарқӣ, Дохилия ва Зуфар дар ин рақобатҳо ширкат доранд. Ин рӯйдод бо ҳадафи осон кардани иштироки ширкаткунандагон дар мусобиқоти қуръонӣ ва фароҳам овардани имконияти муносиб ва фазои рақобатӣ барои намоиши тавонмандиҳои онҳо баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқот 347 нафар аз мардон ва занон иштирок доранд, ки аз онҳо 176 нафар мардон ва 171 нафар занон мебошанд.
Ширкаткунандагон дар ду бахш — ҳифзи кулли Қуръон бо тафсири сураи «Бақара» ва ҳифзи кулли Қуръон — дар ин рақобатҳо ҳузур доранд. Нахустин давраи ин мусобиқот бар аҳаммияти чанг задан ба китоби Худо таъкид намуда, ҳамзамон намоиши талошҳои Вазорати авқоф ва умури исломии Уммонро дар ҳимояти ҳофизони Қуръон ва ташвиқи гурӯҳҳои гуногун ба рӯй овардан ба ҳифз ва тиловати Қуръон, ки нақши муҳиме дар пойдорсозии арзишҳои динӣ ва таҳкими ҳувияти исломӣ дорад, дар меҳвари барномаҳои худ қарор додааст.
4323270