
Ба гузориши ИКНО, хабарнигори «Ал-Олам» хабар дод, ки дар ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар маҳкумияти ҳамаи маъракаҳои бадномсозии Теҳрон, ки тавассути баландгӯҳои расонаии созмонҳои иттилоотии Вашингтон ва Мусод анҷом мегиранд, рӯзи ҷумъа дар Бейрут маросиме баргузор шуд.
Ҷамъияти зиёде аз гурӯҳҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва расонаии лубнонӣ дар маросими Бейрут ширкат карданд.
Дар ин маросим таъкид шуд, ки Тел-Авив бо ҳадафи сармоягузорӣ бар ҳарҷу марҷи сохтагӣ тавассути гурӯҳҳои иҷораии Мусод, таблиғоти манфӣ ва густурдае алайҳи Теҳрон пахш мекунад.
Ширкаткунандагони ин маросим ҳамчунин афзуданд, ки он чӣ Эрон бо он рӯ ба рӯст, ба далели истодагарии ин кишвар дар баробари тарҳҳои истеъморӣ ва радди султаи Амрико ва мусодираи ҳуқуқи мардум аст.
Гурӯҳҳои сиёсии Лубнон бори дигар бар пуштибонии худ аз мардуми Эрон дар рӯ ба рӯ шудан бо ҳамаи тавтиаҳоеро, ки алайҳи онҳо тарҳрезӣ шудааст, таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа 23 январ (3 баҳман) дар ҷараёни баргузории як нишасти изтирорӣ, бо тасвиби як қатънома алайҳи Эрон, иддао кард, ки эътирозгарон дар Эрон ба шиддат саркӯб шудаанд ва онро бо 25 раъйи мувофиқ, 14 раъйи мумтанеъ ва 7 раъйи мухолиф ба тасвиб расонд.
Дар ҳамин замина, намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бо судури баёнияе, қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар бораи кишвари моро сиёсӣ ва мардуд хонд.
4329990