Маҷмаи илмии Қуръони Карим, вобаста ба остонаи муқаддаси ҳазрати Аббос (а), ҳамзамон бо солгарди реҳлати Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммад (с), дар устони Дивония тавассути ду истгоҳи қуръонӣ ироаи хидматҳои қуръониро оғоз кардааст.
Ба гузориши икно, ба нақл аз сомонаи «Ал-Кафил», Холид Ал-Аббодӣ, масъули Муассисаи Қуръони Карим дар Дивония, дар ин бора гуфт: ба муносибати солгарди реҳлати Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммад (с), ду истгоҳи қуръонӣ яке дар маркази устон ва дигаре дар минтақаи Шомия барпо шудаанд.
Вай афзуд: ҳадаф аз таъсиси ин истгоҳҳо ироаи хидматҳои қуръонӣ, фарҳангӣ ва иршодӣ ба зоироне мебошад, ки озими шаҳри муқаддаси Наҷаф ҳастанд. Илова бар ин, дар ин истгоҳҳо барномаҳо ва фаъолиятҳои гуногуне мутаносиб бо фазои зиёрат омода шудааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ин тарҳ бахше аз талошҳои ин муассиса барои гиромидошти муносибатҳои мазҳабӣ ва хидматрасонӣ ба зоирон тавассути барпо кардани истгоҳҳои қуръонӣ дар масирҳои зиёратӣ мебошад.
Ин истгоҳҳо фазое фароҳам мекунанд, ки дар он хидматрасонии мустақим ба зоирон, омӯзиши Қуръон ва роҳнамоии динӣ ба ҳам омезиш ёфтааст. Ин иқдом бозгӯкунандаи пойбандии остонаи муқаддаси ҳазрати Аббос (а) ба ироаи хидматҳои гуногун ба зоирон дар ҷараёни зиёратҳо ва маросимҳои мазҳабӣ мебошад.
4369162