IQNA

Абдулфаттоҳ Торутӣ:

Мусобиқаҳои Қуръонӣ фазое барои поксозӣ ва такомули ҳофизон мебошанд

0:26 - February 01, 2026
рақами хабар: 4343
Абдулфаттоҳ Торутӣ, қории барҷастаи мисрӣ, бо таъкид бар аҳамияти баланди мусобиқаҳои Қуръонӣ дар поксозии шахсияти ҳофизони Қуръон ва боло бурдани сатҳи илмӣ ва овозии онҳо гуфт, ки ин мусобиқаҳо рукни асосӣ дар роҳи ҳифзи Қуръон ба шумор мераванд.

Ба гузориши «Икно», устод Абдулфаттоҳ Торутӣ, қории маъруфи мисрӣ, дар суҳбат бо «Ал-Ахбор ал-Масоий» иброз дошт, ки ӯ ҳамеша ба баргузории мусобиқаҳои маҳаллӣ ва байналмилалии Қуръонӣ алоқа дошта, бар ин бовар аст, ки ин рақобатҳо нақши муҳиме дар хидмат ба Китоби Худо ва ташвиқи насли нав, бахусус ҷавонон, ба пайвастан ба Қуръон, ҳифз, тиловат ва тадаббур дар он доранд.

Вай афзуд: ширкат дар мусобиқаҳо барои ҳофизи Қуръони Карим фоидаҳои зиёде дорад, ки муҳимтарини онҳо ҳифзи сатҳи илмӣ ва боло бурдани эътимод ба нафс мебошад. Инчунин боис мегардад, ки ҳофиз ҳамеша машғули ҳифз ва такрори пайвастаи Қуръони Карим бошад.

Торутӣ таъкид кард: мусобиқаҳо ҳамчунин ба тақвияти овоз ва тасаллути қоидаҳои тиловат ба шакле, ки дархӯри шукӯҳ ва қудсияти каломи Худованди Мутаол бошад, кумак мекунанд.

Ин қории мисрӣ изҳор дошт: мусобиқаҳои Қуръонӣ танҳо рақобат нестанд, балки муҳити омӯзишӣ ва маънавие мебошанд, ки рӯҳияи тааҳҳуд ва кӯшишро парвариш дода, дар тарбияи насли огоҳу қуръонӣ, ки тавоноии интиқоли паёми Қуръон ва нашри он бо усули нек ва маҳорати овозиро дорад, нақши муассир мебозанд.

Абдулфаттоҳ Торутӣ, қории мумтози вилояти Шарқияи Миср ва муовини Иттиҳодияи қориёни Қуръони ин кишвар аст. Ӯ соли 1965 милодӣ дар деҳаи Торут, тобеи шаҳри Зағозиқ маркази вилояти Шарқия ба дунё омада, дар синни сесолагӣ падараш ӯро барои ҳифзи Қуръони Карим ба мактабхонаи деҳа фиристод.

Торутӣ бо сафари қуръонии худ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1996 ба даъвати Маркази исломии Окленд дар Калифорния ва ҳамчунин сафараш ба Испания дар соли 2000 милодӣ барои баргузории маросимҳои эҳёи моҳи мубораки Рамазон дар Маркази исломии Подшоҳ Холид, шуҳрати байналмилалӣ касб кард. Ӯ тамоми фаъолияти худро ба нашри таълимоти Ислом бахшида ва ба қадрдонӣ аз нақши ӯ дар хидмат ба Қуръони Карим, аз Донишгоҳи исломии Ал-Банурияи Покистон унвони доктори фахриро дарёфт намуд.

Раёсати Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия дар маросими ҷамъбасти мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Карими Маскав, шайх Абдулфаттоҳ Торутиро ба унвони «Шахсияти сол» ва «Чеҳраи бартарини Қуръонӣ» интихоб кард ва ӯ ин унвонро мояи ифтихори худ донист.

4331280

captcha