
Ба гузориши Икно ба нақл аз The Muslim Times, гардишгарии ҳалол дар Аврупо дар солҳои ахир шоҳиди рушди назаррас будааст ва шаҳрҳои аврупоӣ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шумора ва ниёзҳои гуногуни гардишгарон, беш аз пеш бар таъмин намудани эҳтиёҷоти мусофирони мусалмон тамаркуз мекунанд.
Имрӯз Аврупо дигар макони печида ё душвор барои ин навъи гардишгарӣ маҳсуб намешавад, зеро дорои шаҳрҳое шудааст, ки дар онҳо раесторанҳои боэътимоди ҳалол, масоҷид, намозхонаҳо ва имконоти иқоматии муносиб барои оилаҳо, дар канори фаъолиятҳои фарҳангӣ ва фароғатии мувофиқ, фароҳам оварда шудаанд.
Лондон
Лондон бо баҳрабардорӣ аз гуногунрангии ғании фарҳангӣ ва ҷомеаҳои бузурги мусалмон, ҳамчун яке аз мувофиқтарин шаҳрҳои аврупоӣ барои мусофирони мусалмон шинохта мешавад. Ресторанҳои ҳалол дар чандин маҳалла, аз ҷумла Уайтчепел, Эджуэр-Роуд ва Саутҳол таъсис ёфтаанд ва намудҳои гуногуни таомҳои арабӣ, туркӣ ва осиёиро пешниҳод мекунанд.
Ин шаҳр ҳамчунин дорои теъдоди зиёди масҷидҳо ва намозхонаҳост, ки муҳимтарини онҳо Масҷиди марказии Лондон дар Парки Реҷент мебошад. Илова бар ин, дар баъзе марказҳои харид ва осорхонаҳо низ шароити адои намоз муҳайёст. Ҳотелҳои Лондон низ дар пазируфтани дархостҳои вижа, монанди пешниҳоди ғизои ҳалол ва утоқҳои оилавӣ, ҳарчи бештар чандирӣ нишон медиҳанд.
Порис
Дар Порис, бо вуҷуди симои суннатии он ҳамчун пойтахти ҳунар ва муд, имконоти фаровони ғизои ҳалол, ба вижа дар минтақаҳои Ла Шапел, Сен-Дени ва атрофи шимолии онҳо мавҷуд аст. Ресторанҳои ҳалол ҳамчунин дар наздикии маконҳои машҳури сайёҳӣ, монанди Бурҷи Эйфел ва Шонзелизе, ба осонӣ дастрасанд. Масҷиди ҷомеъи Порис яке аз барҷастатарин биноҳои исломии ин шаҳр ба шумор меравад, ки ибодатро бо як таҷрибаи фарҳангӣ пайваст карда, дорои ресторанҳ ва боғи сарпӯшида мебошад ва таваҷҷуҳи боздидкунандагонро ҷалб мекунад.
Истанбул
Истанбул дар гардишгарии ҳалол дар Аврупо ҷойгоҳи вижа дорад. Ин шаҳр ҳамчун як шаҳри асосан мусалмоннишин бо таърихи ғании исломӣ, яке аз осонтарин мақсадҳо барои мусофирони мусалмон маҳсуб мешавад. Ғизои ҳалол ба таври густарда дастрас аст ва масоҷиди таърихӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таҷрибаи ҳаррӯзаи гардишгарӣ ба ҳисоб мераванд. Истанбул ҳамчунин ҳотелҳо ва истироҳатгоҳҳои оилавиро бо хизматрасониҳо ва имконоти махсус пешниҳод мекунад.
Сараево
Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсеговина, яке дигар аз мақсадҳои барҷастаи аврупоӣ дар ин замина аст, ки симои аврупоиро бо рӯҳияи хоси исломӣ дар ҳам меомезад. Ресторанҳои ҳалол дар ин шаҳр фаровонанд ва аксари таомҳои суннатӣ бо меъёрҳои ғизои ҳалол мувофиқат мекунанд. Сараево ҳамчунин бо нархҳои дастрас ва табиати сабзаш шинохта мешавад, ки онро ба мақсади маъмули оилаҳо ва афроде, ки дар ҷустуҷӯи оромишанд, табдил додааст.
Илова бар ин шаҳрҳо, дигар мақсадҳои аврупоӣ низ рушди босуръати хизматрасониҳои гардишгарии ҳалолро таҷриба мекунанд, аз ҷумла Берлин, Вена, Барселона ва Амстердам, ки дар онҳо ёфтани тарабхонаҳои ҳалол, марказҳои исломӣ ва имконоти иқоматии муносиб, ба вижа дар минтақаҳои асосии сайёҳӣ, осонтар шудааст.
Ин густариш бозгӯи тағйироти назаррас дар манзараи гардишгарии Аврупост, зеро ин қора ҳарчи бештар гуногун ва пазирои навъҳои мухталифи гардишгарӣ мегардад. Бо барномарезии пешакӣ ва огоҳӣ аз имконоти мавҷуд, мусофирони мусалмон акнун метавонанд аз сафари бидуни ташвиш баҳра бубаранд, сафаре, ки роҳатии маънавиро бо таҷрибаи фарҳангӣ дар шаҳрҳои аврупоӣ дар ҳам меомезад.
4332052