
Ба гузориши Икно, Муҳсин Қосимӣ мақоми аввалро дар сеюмин даври мусобиқаи байналмилалии қироати Қуръони Карим «Ҷоизаи ал-Амид», ки бо ҳузури қориён аз кишварҳои арабӣ, осиёӣ ва африқоӣ дар Ироқ баргузор шуд, касб кард.
Мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони «ал-Амид» аз ҷониби Остони муқаддаси Аббосӣ дар шаҳри Карбалои муалло баргузор гардиданд.
Муҳсин Қосимӣ қаблан низ дар маҳфилҳо ва мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони кишварии Малайзия, ширкат доштааст.
Сабти ном дар сеюмин даври мусобиқаи тиловати Қуръони «Ҷоизаи ал-Амид» барои ҳамаи кишварҳо ва ҳамаи гурӯҳҳои синнӣ озод буд.
4332750