
Ба гузориши икно ба нақл аз ал-Аҳд, ҳизбуллоҳ дар баёнияе дар хусуси таҷовузи Амрико ва режими саҳюнисти алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон, таҷовузи хоинонаи Амрико ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ки пас аз моҳҳо таҳдидоти саҳюнистӣ ва амрикоӣ барои водор кардани Эрон ба таслим рух дод, маҳкум мекунад. Ин таҳдидот бо ҳадафи салби ҳаққи табиъи ва машруъи Эрон дар дастёби энегияи сулҳомези ҳастаи ва густариши тавонмандиҳои мушакии дифоъи, монанди дигар кишварҳои ҷаҳон сурат гирифта аст.
Ҳизбуллоҳ унвон кард: ин таҷовузи ҷадид ки нақзи ошкори қавонини байналмилали ва маншури созмони милал маҳсуб мешавад, идомадиҳандаи руйкарди зургуйи ва истикбор аст, ки давлати Амрико ва режими саҳюнисти дар эъмол мекунанд. Ин иқдомот талоши мазбуҳона барои барҳам задани суботи минтақа, таслим кардани миллатҳои он ва водор кардани онҳо ба пазириши пуружаҳои султа ва ишғолгарӣ аст.
4337397