
Ба гузориши икно <Фарҳон Ҳақ> дар гуфтугӯ бо шабакаи ал-ҷазираи мубошир гӯфт: машруъияти байналмилали бар пояи маншури созмони милал, устувор аст ва ҳама бояд ба усули он эҳтиром бигзоранд.
Вай афзуд: созмони милал акнун бар ҷилавгири аз афзоиши даргириҳо, ҳадафи қарор гирифтани ғайринизомиён ва бадтар шудани вазъияти башарӣ ва осеб расидан ба иқтисоди байнанлмилали мутамаркиз аст.
Фарҳон Ҳақ зимни арзи нигаронии созмони милал аз ташдиди рӯз афзуни танишҳо дар Ховармиёна ва густариши доманаи даргириҳо, таъкид кард: авлавият нахуст, мутаваққиф кардани даргириҳо ва бозгашт ба мизи гуфту гӯ аст.
Муовини сухангуйи дабири кулли созмони милал тасреҳ кард ки <Антониё Гутриш> дабири кулли созмони милал бисёр нигарони афзоиши танишҳо, кушташудани ғайри низомиён ва паёмадҳои хатарноки ин танишҳо барои сокинони минтақа аст ва ин мавзӯъро дар шӯрои амният матраҳ ва тамосҳои густардае бо раҳбарони кишварҳои мухталиф барои маҳори ин буҳрон барқарор кардааст.
4338242