IQNA

Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ мехоҳад бо Эрон гуфтугӯ анҷом диҳад

23:01 - March 14, 2026
рақами хабар: 4491
Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ бар кӯшиши ин шӯро барои коҳиши танишҳо дар минтақа ва оғози гуфтугӯ бо Эрон таъкид намуд.

Ба гузориши икно, бо нақл аз “Арабия”, Ҷосим ал-Бадевӣ, дабири кулли шӯро гуфт: ин шӯро ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои идораи танишҳо дар минтақа талош мекунад.

Вай афзуд: роҳи дипломатӣ ҳамоно беҳтарин усул барои ҳаллу фасли танишҳои кунунӣ мебошад.

Ал-Бадевӣ ҳамчунин гуфт: кишварҳои узви шӯро аз солҳои пеш барои тақвияти гуфтугӯ ва расидан ба сулҳ талош мекунанд; онҳо шабонарӯзӣ барои коҳиши танишҳо дар минтақа саъй доранд.

Ӯ бо нодида гирифтани ҳамлаҳои амрикоӣ‑саҳюнистӣ аз хоки кишварҳои арабӣ ба тарафи Эрон гуфт: ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ қобили қабул нестанд.

Дабири кулли шӯро ҳамчунин иддао кард: кишварҳои узви ин шӯро борҳо таъкид намудааст, ки ҳеч гоҳ хоки онҳо пойгоҳе барои ҳамла ба Эрон нахоҳад шуд, ва ба Эрон кафолатҳои лозим додаанд, ки хоки онҳо барои амалиёти душманона истифода намешавад.

Ӯ таъкид кард: кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ аз роҳҳалҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои поён додан ба танишҳои кунунӣ пуштибонӣ мекунанд, ва ояндаи минтақа ба гуфтугӯ ва роҳҳали сиёсӣ вобаста аст.

Ал-Бадевӣ ҳамчунин муҳофизати роҳҳои обиро масъулияти муштараки байналмилалӣ донист.

Ин изҳорот дар ҳоле садо доданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои амрикоӣ‑саҳюнистӣ ба Эрон, пойгоҳҳо ва мавзеъҳои Амрико дар хоки бархе кишварҳои арабиро ҳадаф қарор додааст.

4340780

captcha