IQNA

Эълони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ:

Иҷрои мавҷи 61-уми “Ваъдаи Содиқи 4” дар интиқоми хуни Шаҳид Лариҷонӣ

15:13 - March 18, 2026
рақами хабар: 4499
Сипоҳи Пасдорони Инқилоби Исломӣ дар эъломияи рӯзи чаҳоршанбе, 27-уми исфанд эълон кард: “Тел-Авив”, маркази бадкориҳои режими ваҳшиёнаи Исроил, дар мавҷи “шаст ва якуми” амалиёти “Ваъдаи Содиқи 4” бо рамзи “Ё Або Абдуллоҳил-Ҳусайн (алайҳиссалом)” дар интиқоми хуни Шаҳид доктор Алӣ Лариҷонӣ ва ҳамроҳонаш, мавриди зарба қарор гирифт.

Бино ба гузориши икно, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар эъломияи рӯзи чаҳоршанбе, 27-уми исфанд эълон кард: “Тел-Авив”, маркази бадкориҳои режими ваҳшиёнаи Исроил, дар мавҷи “шасту якум” амалиёти “Ваъдаи Содиқи 4” бо мушакҳои “Хуррамшаҳри 4”-и чандкалла, “Қадр”-и чандкалла, “Имод” ва “Хайбаршикан” бо рамзи “Ё Або Абдуллоҳил-Ҳусайн (алайҳиссалом)” дар интиқоми хуни Шаҳид Алӣ Лариҷонӣ ва ҳамроҳонаш, мавриди зарба қарор гирифт.

Мушакҳои Хуррамшаҳри 4 ва Қадр дар ин амалиёти босуръат ва шадид, бо назардошти фурӯпошии системаи дифоъи чандлоя режими Исроил, бидуни мушкил ба беш аз 100 ҳадафи низомӣ ва амниятӣ дар қалби сарзаминҳои ишғолшуда бомуваффақият ироа карда шуданд.

Тибқи иттилооти маҳаллӣ, пас аз ин ҳамлаи босуръати нерӯи ҳавофазои Сипоҳ, барқи як қисмати Тел-Авив қатъ шуда ва назорати вазъият ва имкони расондани кумак аз ҷониби нерӯҳои дохилӣ мушкилтар гардидааст. Зарарҳои аввалияи режими Исроил дар ин ҳамла беш аз 230 кушта ва захмӣ баровард мешавад.

4341577

captcha