
Писарони Ҳазрати Яъқуб (а) дар мавриди Юсуф (а) ба падарашон гуфтанд: «قَالُوا يَا أَبَانَا مَا لَكَ لَا تَأْمَنَّا عَلَى يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُ لَنَاصِحُونَ» (Юсуф: 11). Аммо онҳо дар амонатдорӣ ваъдаи худро вайрон карданд. Барои ҳамин, вақте Бинёминро аз падарашон талаб карданд, Ҳазрати Яъқуб (а) гуфт: «قَالَ هَلْ آمَنُكُمْ عَلَيْهِ إِلَّا كَمَا أَمِنْتُكُمْ عَلَى أَخِيهِ مِنْ قَبْلُ» (Юсуф: 64). Яъне, шумо бо Ҳазрати Юсуф чӣ кардед, ки ҳоло яке дигарро аз ман талаб доред?
Ин суннати илоҳӣ дар мавриди васӣҳои Худо низ ҷой дорад. Вақте мо аз Худованди Мутаол зуҳури Мунҷии ваъдашуда (аҷ) -ро талаб мекунем, ин суол матраҳ мешавад, ки бо васӣҳои пешин, аз ҷумла Имоми Ҳусайн (а) чӣ кор кардем ва онҳоро чӣ гуна ёри кардем?
Ҳазрати Яъқуб (а) барои фиристодани Бинёмин шарт гузошт, ки аз Худо ба ӯ паймони маҳкам бисупоранд: «قَالَ لَنْ أُرْسِلَهُ مَعَكُمْ حَتَّى تُؤْتُونِ مَوْثِقًا مِنَ اللَّهِ لَتَأْتُنَّنِي بِهِ» (Юсуф: 66). Имрӯз, агар уммати ислом интизори зуҳури Мунҷӣ (а) бошад, дигар дуо ва иддао кофӣ нест, балки бояд хунбаҳо ва гаравгонии вазнин бидиҳад.
Уммат бояд озмоиш дода, исбот кунад, ки ба пойдорӣ қодир аст. Ҳамон тавре ки қаблан сабру ҷасорати миллатҳои Фаластин ва Яман бар ҷаҳониён ошкор гардид, ҷасорату имони мардуми Эрон низ дар масири роҳпаймоии Рӯзи Қудс зоҳир шуд. Мардум дар ҳангоми фурӯрезии мушакҳо, шиори «Аллоҳу Акбар» сар доданд ва аз ғайри Худо натарсиданд ва нишон доданд, ки дар дифоъ аз маъод (он чӣ ваъда шудааст) ва арзишҳо ақабнишинӣ нахоҳанд кард.
Пешкаш намудани ҳазорҳо шаҳид аз ҷанговарони хатти набард то кӯдаки 3-рӯза, дар баробари садоҳои даҳшатноки бомбаҳое, ки бар сари хонаҳо, мактабҳо ва зерсохторҳо мерезанд, ҳама метавонанд ба унвони гаравгониҳои илоҳӣ барои зуҳур арза гарданд. Мардуме, ки ҳар шаб бо дуо ва ёди Паёмбар (с) ва Аҳли байташон (а) дар майдонҳои шаҳрҳо ҳозир мешаванд, шояд дар дил бигӯянд, ки чаро нусрати илоҳӣ намеояд? Агар онҳо хуб гӯш диҳанд, дармеёбанд, ки нусрат дар ҳамин наздикист:«أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ» (Бақара: 214).
https://iqna.ir/en/news/3496816