IQNA

Шайх Наим Қосим: Пирӯзӣ бо Эрон хоҳад буд

15:20 - March 30, 2026
рақами хабар: 4513
Дабир кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳор дошт, ки Лубнон дар ҳоли анҷоми як набарди дифоӣ қарор дорад ва гуфт: дар таҷовузи амрикоӣ – саҳюнистӣ алайҳи Эрон, пирӯзӣ бо Эрон хоҳад буд.

Ба гузориши икно ба нақл аз Ал-Маёдин, Шайх Наим Қосим, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: бар касе пушида нест, ки нақшаи «Исроили бузург», Лубнонро ба ҳадаф гирифтааст.

 

Ӯ гуфт: муқовимат таҷҳизоти мувофиқро омода кардааст ва размандагони он барои идомаи набард бе ҳеҷ маҳдудият омодаанд ва онҳо акнун намунаи ватандӯстӣ мебошанд; мо дар набард барои дифоъ аз Лубнон қарор дорем, Эрон пирӯз хоҳад шуд.

 

Дабири кулл тавзеҳ дод: ҳадафи таҷовузи исроилӣ – амрикоӣ аз байн бурдани қудрати Лубнон ва ҳокимияти он, фитнаангезӣ ва қонуният бахшидан ба ишғол аст; мо ду роҳ бештар надорем: ё таслим шудан ва чашм пӯшидан аз сарзамин, шараф, соҳибихтиёрӣ ва ояндаи наслҳоямон, ё муқовимати қатъӣ.

 

Ӯ таъкид кард: вақте масъалаи маҳдуд кардани силоҳ ба хотири дархости Исроил, ҳамзамон бо идомаи ишғолгарӣ ва таҷовузҳо матраҳ мешавад, ин қадаме ба сӯи нобудии Лубнон аст. Вақте гуфтугӯ бо душман зери оташ матраҳ мегардад, ин таҳмими таслим ва аз байн бурдани ҳамаи тавоноиҳои Лубнон мебошад ва ғайр аз ин ҳама, гуфтугӯ аслан мавриди қабул нест.

 

Шайх Наим Қосим гуфт: ҷанги Исроил ва Амрико алайҳи Лубнон дар муқобили дифои муқовимат, миллат, артиш ва афроди шарафманд аст. Мо хостори ваҳдати миллӣ алайҳи душмани исроилӣ – амрикоӣ зери унвони ягонаи «истодагарӣ дар баробари таҷовуз барои озод кардани сарзамин ва мардум» ҳастем.

 

Ӯ дар поён гуфт: дар бораи рӯёрӯии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷовузҳои амрикоӣ – исроилӣ ва байналмилалӣ низ, ин дарсе аст, ки бояд омӯхт. Эрон дар баробари бераҳмтарину ҷинояткортарин ва ваҳшиёна‑тарин нерӯҳои ҷаҳон истодагарӣ кард ва ба иҷозати Худо пирӯз хоҳад шуд ва бидонед ҳар пирӯзие дар муқобила бо Амрико ва Исроил, хайре барои ҳама аст. «Ва пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Худои Азизу Ҳаким нест».

 

https://iqna.ir/fa/news/4342767

captcha