IQNA

Оғози вуруди зоирони Хонаи Худо ба Арабистон барои адои ҳаҷ

0:06 - April 21, 2026
рақами хабар: 4551
Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки вуруди зоирони Хонаи Худо ба Арабистон тавассути гузаргоҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ барои адои ҳаҷи имсола оғоз шудааст.

Ба гузориши икно, ба нақл аз вебсайти «Ахбор 24», ин иқдом дар чорчӯби низоми воҳиди хизматрасониҳо ва имтиёзҳое сурат мегирад, ки бо дастури роҳбарияти Арабистон ва бо назорати вазири кишвар ва раиси Кумитаи олии ҳаҷ, Амир Абдулазиз бин Саъуд, ва бо ҳамкории дигар ниҳодҳои марбут анҷом дода мешавад.

Ин вазоратхона дар баёнияе изҳор дошт: гузаргоҳҳои ҳавоӣ имрӯз чанд парвози воридшавандаро аз кишварҳои гуногун  аз ҷумла Покистон, Туркия, Афғонистон, Малайзия, Ҳинд, Бангладеш ва Таиланд қабул карданд. Шумори умумии парвозҳои воридшуда тақрибан 30 адад буда, онҳо тибқи равандҳои танзимшуда ва хизматрасониҳои якпорча ба зудӣ марҳилаи қабулро гузашта, ба осонӣ ба самтҳои худ ҳаракат карданд.

Вазорати ҳаҷ инчунин гуфт, ки омодасозии амалӣ дар ин гузаргоҳҳо бо афзудани нерӯи корӣ, фаъол кардани роҳравҳои махсус барои ҳоҷиён ва беҳсозии имконоти қабул анҷом шуда аст. Илова бар ин, ҳамоҳангии саҳроӣ байни ниҳодҳои масъул барои таъмини ҳаракати солим аз лаҳзаи вуруди зоирон тақвият ёфтааст.

Ин талошҳо бахше аз омодагиҳои ибтидоӣ ва барномаҳои амалиётии ҳамоҳангшудаест, ки аз 12‑уми Зулҳиҷҷаи соли 1446 ҳиҷрӣ оғоз шудаанд ва бо дастури мақомот барои пешниҳод кардани беҳтарин хизматрасониҳо ба зоирони Хонаи Худо иҷро мегарданд. Ҳадаф ин аст, ки ҳоҷиён тавонанд маросими ҳаҷро аз лаҳзаи вуруд то хуруҷ аз кишвар дар муҳити амн ва ба таври низомманд ба беҳтарин шакл анҷом диҳанд.

4347288

captcha