IQNA

Иҷрои ибтикори «Дар ҳар хона як ҳофизи Қуръон» дар Дубай

0:45 - April 25, 2026
рақами хабар: 4558
Идораи корҳои исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияи Дубай тарҳи «Як ҳофизи Қуръон дар ҳар хона»-ро бо ҳадафи таъсиси низоми ягона барои омӯзиш ва ҳифзи Қуръони Карим роҳ‌андозӣ кардааст.

Тибқи гузориши икно ба нақл аз сомонаи «Ал-Байон», Идораи корҳои исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияи Дубай ин тарҳро барои таъсиси як низоми муназзами муассисавӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи Қуръони Карим ба роҳ монд.

Ин ибтикор ҷомеаро қодир месозад, ки Китоби Худоро аз роҳҳои омӯзишӣ ва бо меъёрҳои ягона биомӯзанд. Ҳамзамон он нақши хонаводаҳоро дар тақвияти арзишҳои қуръонӣ таҳким бахшида, ҷойгоҳи Дубайро ҳамчун намунаи пешсаф дар сохтани ҷомеаи донишбунёд, ифтихоркунанда аз ҳувияти худ ва омода барои оянда, устувор мегардонад. Ин иқдоми стратегӣ нишонаи тавоноии аморати Дубай дар сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва пойгузории арзишҳои асил ҳамчун пояи рушди устувор мебошад.

Ин тарҳ бар асоси як мафҳуми асосӣ бунёд ёфтааст: доштани ҳадди ақал як ҳофизи Қуръон дар ҳар хона. Ин ҳадаф тавассути ҳамгироии талошҳои муассисаҳо ва марказҳои муттасили омӯзиши Қуръон дар чорчӯби як низоми созмонӣ ва мутамаркиз бо меъёрҳои стандартии таълимӣ амалӣ мешавад.

Ин раванд ба боло бурдани сифати натиҷаҳои ҳифз ва густариши дастрасӣ ба барномаҳои қуръонӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа мусоидат мекунад. Тарҳ қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро мегирад аз кӯдакони шашсола то наврасон, ҷавонҳо, волидон, пиронсолон ва инчунин афроди дорои маълулият.

Ин ибтикор бар асоси як низоми пешрафтаи таълимӣ сохта шудааст, ки се сатҳи асосиро дар бар мегирад: оғоз аз омӯзиш ва ислоҳи қироат барои шурӯъкунандагон, сипас ҳифз ва таҷвид, ва ниҳоят расидан ба марҳилаи қироат ва гирифтани иҷоза барои ҳофизони дараҷаи олӣ.

Аҳмад Дориюш Ал-Муҳайрӣ, директори кулли Идораи корҳои исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияи Дубай таъкид кард, ки тарҳи «Як ҳофизи Қуръон дар ҳар хона» як самти стратегиест, ки ҷаҳонбинии Дубайро дар сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва таҳкими низоми арзишҳо ва дониш инъикос мекунад.

4347822

captcha