IQNA

23 ҳазор нафар аз фурудгоҳҳои Ироқ ба сарзамини Ваҳй равон мешаванд

20:05 - May 05, 2026
рақами хабар: 4596
Мудири идораи фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ бо ишора ба табдили ҳамаи сафарҳои заминии Ҳаҷ ба сафарҳои ҳавоӣ хабар дод, ки 23 ҳазор ҳоҷӣ аз фурудгоҳҳои Ироқ ба самти сарзамини Ваҳй ҳаракат хоҳанд кард.

Ба гузориши икно ба нақл аз «Воъ», садҳо нафар аз ҳоҷиёни ироқӣ барои адои маносики Ҳаҷ рӯзи гузашта Боғдодро ба мақсади Арабистони Саудӣ тарк карданд.

Козим Луайбӣ, мудири идораи фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ, бо ишора ба табдили ҳамаи сафарҳои заминии Ҳаҷ ба ҳавоӣ хабар дод, ки 23 ҳазор ҳоҷӣ аз фурудгоҳҳои Ироқ ба сарзамини Ваҳй равон мешаванд.

Ӯ тавзеҳ дод, ки дар ду рӯз 3 парвоз аз фурудгоҳи Боғдод анҷом шуд. Фурудгоҳҳои дигаре низ дорем, мисли фурудгоҳи Басра, ки 8 парвоз аз он ҷо анҷом шудааст. Мо ирсоли ҳоҷиёнро тавассути ҳамаи фурудгоҳҳо идома медиҳем.

Ҳамчунин Майсам Ас-Софӣ, мудири дафтари расонаи Вазорати нақлиёти Ироқ, таъкид кард: 100 парвозе, ки аз ду рӯзи гузашта оғоз шудааст, аз фурудгоҳҳои Арбил, Сулаймония, Боғдод, Наҷаф ва Басра ба самти мустақими Мадинаи Мунаввара ва Ҷидда анҷом дода мешавад.

4350139

captcha