IQNA

«Тафсири Қуръон дар пажӯҳишҳои мусташриқин» нашр шуд

17:54 - May 17, 2026
рақами хабар: 4639
Китоби «Тафсири Қуръон дар пажӯҳишҳои мусташриқин» бо талоши бахши умури фикрӣ ва фарҳангии остони муқаддаси Аббосӣ дар Карбало ба нашр расид.

Ба гузориши икно бо истинод ба «Ал‑Кафил», дар ин китоб омӯзиш ва таҳлили дахолатҳои ховаршиносон дар қироат ва тафсири матни Қуръон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин асар аз нашрияҳои нави остони муқаддаси Аббосӣ мебошад, ки ба қалами шайх Ҳусайн аз‑Зайн ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Саййид Ҳошим ал‑Майлонӣ, сарпарасти Маркази исломии пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба бахши умури фикрӣ ва фарҳангии остони Аббосӣ, изҳор кард:  
ин китоб ба баррасӣ ва тавзеҳи бисёре аз манбаъҳое пардохтааст, ки мусташриқин барои тафсири матни Қуръон дар онҳо дахолат доштаанд, ва онҳоро дар як мутолиаи арзёбиву интиқодӣ таҳлил кардааст.

Нашри ин китоб дар ростои таваҷҷуҳи Маркази исломии пажӯҳишҳои стратегӣ ба интишори таҳқиқот ва пажӯҳишҳое сурат гирифтааст, ки дар таҳкими дониши фикрӣ ва қуръонӣ ва пуштибонӣ аз ҳаракати илмӣ ва донишгоҳӣ нақши муҳим доранд.

Пеш аз ин низ Маркази исломии пажӯҳишҳои стратегӣ вобаста ба бахши умури фикрӣ ва фарҳангии остони Аббосӣ китоби «Тарҷумаи Қуръон назди мусташриқин; руйкардҳои интиқодӣ»-ро нашр карда буд.

Гурӯҳе аз пажӯҳишгарони мутахассиси ҷаҳони арабӣ ва исломӣ дар гирдоварии ин асар иштирок доштаанд.

Ин китоб маҷмӯае аз руйкардҳои интиқодӣ дар бораи муҳимтарин тарҷумаҳои аврупоии Қуръони Карим аст, ки бо ҳадафи нишон додани нуқсонҳои муҳтавоӣ, фаннӣ ва сабкӣ ва пешниҳод кардани тавсияҳо барои ислоҳи иштибоҳҳо таълиф шудааст.

Ин китоб ҳамчунин тарҷумаи Қуръонро мутобиқ ба қавоиду шартҳое тавсия медиҳад, ки қудсияти каломи ваҳй, вижагиҳои ваҳйонӣ, эъҷоз ва хусусияти таблиғии Қуръонро ҳифз мекунанд.

4352420

captcha