IQNA

Паёми Раҳбари муаззами инқилоб ба ҳоҷиёни Байтуллоҳи Ҳаром:

«Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил» аз ин пас шиори роиҷи Уммати Исломӣ ва мазлумони олам аст.

21:37 - May 26, 2026
рақами хабар: 4669
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми худ ба муносибати фарорасии мавсими Ҳаҷи Иброҳимӣ, аъмол ва азкори пурсӯзи Ҳаҷро нишонаҳое барои ҳамешаи башарият ҷиҳати ҳиҷрат ба сӯи Худованди мутаъол ва раҳоӣ аз бандҳои шайтон ва анвоъи ӯ баршумурданд ва фармӯданд: Имсол масъалаи «Бароат аз мушрикон» аҳамияти дучанд дорад ва умқу густурдаи бароат аз Амрико ва режими сиҳюнистӣ фаротар аз оини бароат дар мавсими Ҳаҷ аст ва аз ин пас «Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил» шиори роиҷи Уммати Исломӣ ва мазлумони олам, хусусан ҷавонон хоҳад буд.

Ба гузориши икно ба нақл аз пойгоҳи иттилоотии дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрат Оятуллоҳул Узмо Хоманаӣ, Ҳазрат Оятуллоҳул Узмо Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми худ ба муносибати фарорасии мавсими Ҳаҷи Иброҳимӣ, аъмол ва азкори пурсӯзи Ҳаҷро нишонаҳое барои ҳамешаи башарият ҷиҳати ҳиҷрат ба сӯи Худованди мутаъол ва раҳоӣ аз бандҳои шайтон ва анвоъи ӯ ва саъю талоши бевақфа барои амал ба таколифи илоҳӣ ва раҳоӣ аз ҳавоҳои нафс ва саъодатмандии дунёвию ухравӣ баршумурданд ва бо ишора ба такяи Миллати бузурги Эрон бар ин нишонаҳо, ба вижа силоҳи «Аллоҳу Акбар» аз даврони наҳзати исломӣ ва пирӯзии инқилоб ва даврони дифоъ муқаддас то ҷанги таҳмилӣ дувум ва ҷанги таҳмилӣ севум ва ноком гузоштани душманон барои таслими Эрон ва воқеаи аъҷуборангези баъсати илоҳии мардум, таъкид карданд: Имсол масъалаи «Бароат аз мушрикон» аҳамияти дучанд дорад ва умқу густурдаи бароат аз Амрико ва режими сиҳюнистӣ фаротар аз оини бароат дар мавсими Ҳаҷ аст ва аз ин пас «Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил» шиори роиҷи Уммати Исломӣ ва мазлумони олам, хусусан ҷавонон хоҳад буд.

Матни комили паём ба тариқи зел аст:

Бисмиллаҳир Раҳмонир Раҳим

«لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الْحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالْمُلْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ.»

 Худоё! Даъвати туро иҷобат мекунам; ҳеҷ шарике барои ту нест ва ҳамаи ҳамду саноҳо ва ҳамаи неъматҳо ва ҳамаи мулку қудрат аз сӯи ту ва мутааллиқ ба туст... Мавсими Ҳаҷ имсол низ фаро расид ва Ҳоҷиёни уммати Ислом, эҳроми бандагӣ бастанд ва талбия гуфтанд то аз зиндагии моддӣ ва маъмулӣ ба зиндагии илоҳӣ ва саодатмандона ҳиҷрат кунанд; зиндагии тавҳидӣ бар маҳвари ибодати Ҳазрати Ҳақ ҷалла ва ало, ва тард ва нафй ва бароат аз имдоди Аллоҳ. Аммо фурсати ин ҳиҷрат танҳо мутааллиқ ба заирон ва Ҳоҷиёни имсолаи Байти Аллоҳ нест ва тамоми бародарон ва хоҳарони мусалмони Эрон ва саросари ҷаҳон, аз онҳое, ки дар солҳои гузаштаи умри худ Ҳоҷӣ шудаанд то касоне, ки ҳанӯз муваффақ ба анҷоми амалҳои Ҳаҷ нашудаанд,ро фаро мегирад. Шарти ин ҳиҷрат, бастани эҳроми доимӣ атрофи зикри Аллоҳ аст; тавофи доимӣ бар гирди меҳвари Ҳақ аст; саъй доимӣ дар миёни қуллаҳои хатар (мушкил) такалифи илоҳӣ аст; рамй (сангандозӣ) доимии шайтони шарӣ аст бо зуҳуротҳои фиребанда ва ҳамаи анвоъи ӯ; вуқуф (иқомат) омехта бо таваҷҷуҳ ва тазаррӯъ аст; таъоми фақир, замингир ва раҳгузар аст; қурбонӣ кардани ҳавоҳо ва тамойулҳои мунҳариф (каҷрав), соз ва задудани палидиҳои дарунӣ аст; ва дар ҳамаи ҳолатҳо, омодаи хизмат будан ва барафроштани парчами дифоъ аз Ҳақ аст ва ингуна буд, ки миллати Эрон дар миқоти (вақти) инқилоби исломӣ қадам дар масири ҳамин ҳиҷрат гузошт. Салои (нидои) Иброҳимӣ, Хумайнии кабирро иҷобат кард, либоси султапазирӣ (сарсупори ба дигарон) ро аз тан даровард, эҳроми саодатмандии дунёвию ухравӣ бар тан намуд ва «лаббайк» гӯён ва «ҳавала» (давидан) кунон талош кард то бар маҳвари маъориф (донишҳои) Исломи ноби Муҳаммадӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллям) тавоф намояд ва худро ба нури ҷаҳонорои адли ҷаҳонӣ ва вилояти кубро (бузург) наздик кунад.

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ло Илаҳа Иллаллоҳ, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва Лилаҳил Ҳамд. Аллоҳу Акбар ало мо ҳaданo. Оре Аллоҳу Акбар... Ва бо ҳамин силоҳи Аллоҳу Акбар буд, ки миллати мусалмони Эрон дар чиҳилу ҳафт сол қабл қиём кард, режими Тоғут, диктатор ва вобастаи паҳлавиро сақат (шикаст) дод, дасту пойи Амрикои тамаъкор ва мустакбирро аз кишвар бурид ва нуфузи сиҳюнизмро ба куллӣ қатъ кард. Бо ҳамин силоҳи Аллоҳ буд, ки пас аз таҷовузи режими Баъси Саддом ба хоки Эрон, муҷоҳидони ғайюр ва ҷавонон аз худгузашта, ҳамосаи ҳашт сол дифоъи муқаддасро рақам заданд ва сарфи назар аз ҳимояти ҳамаи қудратҳои Шарқу Ғарб аз режими Баъс, ӯро бар ҷои худ нишонданд ва ин истoдaгӣ то солҳо баъд дар баробари маҳосираҳои иқтисодӣ, кудето (табаддулот), таҳримҳои золимона, ҳамлаҳои бешумори сиёсӣ ва таблиғотӣ ва иқтисодии душманон алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, муҳкам ва устувор идома ёфт ва Аллоҳу Акбар....

Ҳамин силоҳи «Аллоҳу Акбар» буд, ки риштаҳои иртиботи уммати исломӣ ва ҷавонони муҷоҳиди ҷабҳаи муқовиматро аз Эрон то Лубнон ва Фаластин ва Ироқ ва Сурия, аз Африқо ва Яман то Афғонистон ва Покистон ва ҳамаи миллатҳои озоди ҷаҳон мустаҳкам кард, то чун риштаи матини (мустаҳкам) барои дифоъ аз киёни (ҳувияти) уммати исломӣ дар баробари таҷовузоти ғасби сиҳюнистӣ бархезанд. Тумори (дафтари) Доъишро дар ҳам печид, «Туфони Ал-Ақсо»-ро ба роҳ андохт ва нафаси режими мутазалзил (ларзон) ва ноустувори сиҳюнистиро ба шумора андохт.

«Аллоҳу Акбар»; Оре, Худованди таборак ва таъоло бузургтар аз он аст, ки бо васф ояд... Ин силоҳи «Аллоҳу Акбар» буд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба он муваффақ шуд, ки режими сиҳюнистиро дар ҷанги таҳмилии дуввуми Хурдод 1404 (2025) зери зарбаҳои сахт ва шиддатноки худ нотавон созад, зарбаи сахте ба Амрикоӣ таҷовузкор занад ва душманро дар ҳадафи худ, яъне таслими Эрон, ноком гардонад. Ва силоҳи «Аллоҳу Акбар» чунон қуввату нерӯе ба миллати Эрон бахшид, ки пас аз воқеаи ҷонгудози шаҳодати қоиди бузург, фарзанди паёмбари Акрам (с), Ҳазрат Оятуллоҳул Узмо Сайид Алӣ Ҳусейни Хоманаӣ (Аъло Аллоҳу Мақомаҳуш-Шариф) ба дасти ашқиёи (шарқиёни) ҷаҳони имрӯз, баъсати илоҳӣ ёфт ва бо ҳузури ҳамаҷониба дар ҳар арсае, ки ниёз буд, чашмони дунёро ба ифтихорсозиҳои худ хира кард. «Аллоҳу Акбар»; Ба дурустӣ, ки Худованди таборак ва таъоло бузургтар аз он аст, ки бо васф ояд.... Бо ҳамин силоҳи «Аллоҳу Акбар» буд, ки размандагони ғайюр ва нерӯҳои мусаллаҳи ҷонбоз дар Эрони исломӣ, бо ҳамроҳии муҷоҳидони ҷабҳаи муқовимат, хусусан Лубнони азиз, ба пирӯзиҳои намоён дар баробари ду артиши террористӣ ва то ба дандон мусаллаҳи амрикоӣ-сиҳюнистӣ дар ҷанги таҳмилии севум даст ёфтанд; бо таваккал ба Ҳазрати Раббу-л-уввал ва ба воситаи мушакҳо ва паҳподҳои худ дар замин, ҳаво ва дарё, шайтони бузург, яъне Амрико ва ҳайвони (василаи) омухташудаи ӯ, режими сиҳюнистиро рамй (сангандозӣ) карданд ва ваъдаи рости илоҳиро дар бораи ёрии Худо ба муҷоҳидон дар роҳи Худо ба чашмони худ диданд.

Ва боз ҳам «Аллоҳу Акбар»; Бегумон Худованди таборак ва таъоло бузургтар аз он аст, ки бо васф ояд ва ҷундуллоҳи (лашкарҳои) Ӯ бар ҳар қудрате ғолибанд... Ва бо ҳамин силоҳи «Аллоҳу Акбар» аст, ки дар пайи баъсати (барангехтани) миллати Эрон ва ҷабҳаи муқовимат, баъсати уммати исломӣ рақам хоҳад хӯрд ва бароат аз мушрикон аз рамй (сангандозӣ) ҷамарот (рамзи ширк) дар Ҳаҷ ба саҳнаҳои зиндагии фардӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мусалмонон дар ақсои (гӯшаҳои) олам тасрӣ (паҳн) хоҳад ёфт. Уммати исломӣ ва миллатҳои минтақа, зарфиятҳо ва манфиатҳои муштараки зиёде доранд, ки танзими нав ва ҳандасаи (сохтори) ояндаи минтақа ва ҷаҳонро шакл хоҳад дод. Инҷониб бо сидқу ихлос, ҳамаи кишварҳо ва давлатҳои исломиро ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар хайру некӣ даъват мекунам, то бо ҳамкорӣ якдигар дар роҳи пешравии уммати исломӣ ва ҳалли масоили дунёи ислом қадам бардорем. Ончи дар ин замина мусаллам аст, ақрабаҳои замон ба ақиб барнамегарданд ва миллатҳо ва сарзаминҳои минтақа, дигар сипари пойгоҳҳои амрикоӣ нахоҳанд буд. Амрико, ба ғайр аз он ки дигар нуқтаи амне барои шарорат ва истқрори пойгоҳи низомӣ дар минтақа нахоҳад дошт, рӯз то рӯз аз вазъи собиқи худ фосила мегирад. Режими мутазалзили сиҳюнӣ ва ғуддаи (захми) саратонӣ, Исроил низ ба марҳилаҳои поёнии умри манҳуси (зишт) худ наздик шуд ва ба фазли илоҳӣ ва мутобиқ бо сухани қотеъ ва оянданигори даҳ сол пеши раҳбари аъзами шаҳид (Худо қудси нафсашро илоҳӣ кунад), бисту панҷ сол баъд аз он таърихро нахоҳад дид, иншоаллоҳ. Ба ҳамин ҷиҳат имсол масъалаи бароат аз мушрикон аҳамияти дучанд дорад ва умқу густурдаи бароат аз Амрико ва режими сиҳюнӣ, фаротар аз оини бароат дар мавсим ва миқоти Ҳаҷ буда ва дар нуқоти мухталифи Эрон ва ҷаҳон ва пас аз ин итимоми муборак, «Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил», шиори роиҷи уммати исломӣ ва мазлумони олам, хусусан ҷавонон хоҳад буд.

Оянда мутааллиқ ба уммати исломӣ ва тамаддуни навини исломӣ аст ва ҳар яке аз мо метавонем ба андозаи тавоноӣ, зарфият ва масъулияти худ дар таҳаққуқи ин оянда ва наздиктар шудан ба он ифои нақш кунем.

Зоирон ва Ҳоҷиёни эронӣ дар Ҳаҷҷи имсол нақши муассир ва барҷастае дар ривояти фатҳи ҷанги таҳмилии севум барои дигар бародарон ва хоҳарони мусалмони худ ва умедвор сохтани онҳо ба ояндаи равшан доранд. Аз ҳамаи Ҳоҷиёни азиз мехоҳам ба дуъо барои таъҷили фарҷи (зуҳури) мунҷии (наҷотдиҳандаи) башарият (Аҷҷала Аллоҳу Таоло Фараҷаҳу) эҳтимом ва (таваҷҷуҳ) варзида ва барои ваҳдати уммати исломӣ, озодии Фаластин ва Масҷидул-Ақсо, рафъи гирифториҳои бузурги муслимин ва расидан ба зафари (пирӯзии) ниҳоӣ дар муқобили истикбории ҷаҳонӣ дуъо кунанд ва инҷонибро низ мушмули дуъои хайри худ намоянд.

Парвардигоро! Бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист ва назари лутфу раъфати худро шомили ҳоли Ҳоҷиён ва ҳамаи уммати Ислом кун, тавфиқи Ҳаҷҷи мақбул насибашон гардон, дилҳои онҳоро аз анвори (нурҳои) маърифат ва басират равшан фармо ва азм ва иродаи онҳоро барои ҳаракат дар масири ислоҳи ҳоли уммат ва зафари ниҳоӣ бар душманони Ислом устувортар намо.

Парвардигоро! Фазлу раҳмати васеъи худро бар арвоҳи мутаҳҳарии (поки) шаҳидони роҳи Худо, хусусан шаҳидони ҷабҳаи муқовимат ва дар раъси онон раҳбари бузургвор ва шаҳид (Аъло Аллоҳу Мақомаҳуш-Шариф) нозил фармо, ва аз Ҳаҷҷи ҳоҷиён ва ибодати ибодаткунандагон ва саъю кӯшиши кӯшишгароне, ки мушмули ҳидоят ва раҳбарии қоиди уммат будаанд, насиби вофир (зиёд) ба рӯҳи малакутии ӯ расол, ва миллати Эрон ва уммати исломиро дар истиқрори роҳ ва ҳадафи ӯ ёрӣ намо.

Парвардигоро! Баландтарин саловот ва таҳиёти худро бар сарвару мавлои мо Ҳазрат Маҳдӣи Мунтазар (Салла Аллоҳу Алайҳи ва Олиҳи-т-Тоҳирин) нозил фармо ва ҳамаи моро ва уммати исломиро мушмули дуъоҳои закиё (поку покӣ) ва мустаҷоби (пазируфташудаи) он Ҳазрат қарор бидеҳ, ва оламро ба қaдyми муборакаш мунаввар (равшан) ва музайян (зинатёфта) фармо, чунон ки ваъда фармудӣ ва қалбҳои моро мамлӯъ (пур) аз итимоъ (боварӣ) ба он ваъдаи маҳтум (муқарраршуда) аст. «Худованд ба онҳое аз шумо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ваъда додааст, ки онҳоро дар замин халифа (ҷонишин) хоҳад кард, ҳамон гуна ки пешиниёни онҳоро халифа кард, ва дини онҳоро, ки барои онҳо писандидааст, барои онҳо мустақар (устувор) хоҳад кард, ва албатта бима дони онҳоро пас аз тарси худ амн (ором) хоҳад гардонид.»

Вассалом бар ҳамаи бародарони мусалмони мо ва раҳмату баракоти Худо [бар шумо бод].

Сайид Муҷтабо Ҳусейнии Хоманаӣ
5/Хурдод/1405 - 9/Зулҳиҷҷа/1447

4354450

captcha