IQNA

Фақр ва беадолатӣ; мушкили асосии ҷомеаи мусулмонони Нигерия

10:00 - June 14, 2026
рақами хабар: 4720
Афзоиши сатҳи фақр ва бекорӣ дар байни ҷомеаи мусулмонони Нигерия боиси нобаробарии иҷтимоӣ ва пайдоиши гурӯҳҳои тундраву мусаллаҳ гардидааст.

Ба иттилои икно бо истинод ба Ал-Ҷазира, мусулмонон зиёда аз нисфи аҳолии Нигерияро ташкил медиҳанд, аммо бо вуҷуди ин, онҳо ба таври ошкор аз вазифаҳои калидӣ ва муҳим дур нигоҳ дошта мешаванд ва махсусан дар шимоли кишвар дар шароити фақр зиндагӣ мекунанд.

Ин вазъият ба пайдоиш ва густариши гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла гурӯҳи «Боко Ҳаром», мусоидат кардааст.

Ислом дар асри даҳум ба шимоли Нигерия ворид шуд, дар ҳоле ки масеҳият бо ишғоли Британия дар асри бистум ба ин кишвар омада, бештар дар минтақаҳои ҷанубӣ густариш ёфт.

Таърихи ин кишвар бо низоъҳои мазҳабӣ, ки аз ихтилофҳои ҷуғрофӣ, ҳамкорӣ бо қудратҳои мустамликадор ё муқовимат бар зидди онҳо сарчашма гирифтаанд, ҳамроҳ будааст. Бо вуҷуди ин, пайдоиши гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба мисли Боко Ҳаром ва дигарон дар оғози асри бисту якум, мардумро маҷбур кардааст, ки аз тарси хушунат бо ҳамдигар ҳамзистӣ кунанд.

Муҳаммад Гарба, намояндаи порлумон аз иёлати Кано, гуфт, ки ҳадаф қарор додани мардум аз ҷониби ин гурӯҳҳо, бар хилофи иддаои амрикоиҳо, бар асоси дин нест. Ӯ афзуд, ки масеҳиёне ҳастанд, ки мусулмононро дар минтақаҳои марказӣ ва шимолии кишвар мекушанд. Ба гуфтаи Гарба, вақте духтарони мактаби Чибок дар иёлати Борно рабуда шуданд, аксарияти онҳо мусулмон буданд. Ӯ таъкид кард, ки ошӯб ва нооромӣ дар Нигерия ба пайравони ягон дини мушаххас тааллуқ надорад.

Бекорӣ ва фақр

Мусулмонон ва масеҳиён тавассути интихобот ба мақоми президентӣ мерасанд ва сарватмандтарин шахси Нигерия ва ҳатто тамоми Африқо, яъне Али Кӯдангуте (Алико Данготе), мусулмоне аст, ки дар шаҳри шимолии Кано ба дунё омадааст.

Бо вуҷуди ин, шумораи зиёди мусулмонони фақиру бекори Нигерия низ дар шимоли кишвар зиндагӣ мекунанд. Яке аз сабабҳои асосии ин вазъият ихтилоф бар сари низоми расмии маорифи кишвар мебошад.

Шайх Иброҳим Ал-Мақрӣ, имоми масҷиди Абуҷа, мегӯяд: «Мусулмонон дар воқеъ бузургтарин қисми аҳолии Нигерияро ташкил медиҳанд, аммо онҳо дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ аз ҳама камтар нуфуз ва намояндагӣ доранд ва то ҳол наметавонанд дар ҷомеа дар баробари масеҳиён фаъолона ҳузур дошта бошанд.»

Нигерия бо зиёда аз 100 миллион мусулмон (аз шумораи умумии тақрибан 240 миллион аҳолӣ) бузургтарин кишвари дорои аксарияти мусулмон дар қитъаи Африқо ба ҳисоб меравад.

Бо ҷавонони шимоли кишвар ҳамчун афроди бесавод муносибат мешавад, зеро низоми маорифи Нигерия танҳо барномаи таълимии меросмондаи мустамликавии Британияро ба расмият мешиносад, ки қисми зиёди аҳолии мусулмон онро қабул надоранд. Онҳо нахуст ба забони маҳаллӣ ва сипас ба забони арабӣ ҳамчун забони Қуръон пойбанд мебошанд.

Аз ҳамин замина гурӯҳи «Боко Ҳаром» ба вуҷуд омад; гурӯҳе, ки номи он ба маънои рад кардани таҳсилоти ғарбӣ ва ҳар он чизе, ки бо он вобаста аст, мебошад.

Дар ҳоле ки давлат барои мубориза бо ифротгароӣ ба уламои динӣ такя мекунад, мусулмонон барои барқарории ҳамзистии байни ҳамаи шаҳрвандон ба давлат умед мебанданд. Онҳо бар ин боваранд, ки мушкили асосӣ на идеология, балки фақр аст ва бекорӣ танҳо ноумедӣ ва норозигиро бештар мекунад.

4357413

captcha