IQNA

Муҳаббат ба Қуръон зани бесаводи яманиро ҳофизи кулли Қуръон кард

10:31 - June 16, 2026
рақами хабар: 4734
Ҳифзи пурраи Қуръон бо истифода аз наворҳои кассетӣ оилаи Ҳоҷия Марям, зани 82-соларо, сахт ба ҳайрат овард. Бисту як фарзанду набераи ӯ, ки бисёре аз онҳо соҳиби таҳсилоти олӣ ва дараҷаҳои донишгоҳӣ ҳастанд, бо эҳтиром ва шигифтӣ дар баробари дастоварди модаркалони бесаводи худ истоданд; касе ки ба мақоме расид, ки ҳатто бисёре аз афроди босаводу соҳибмаълумот ба он ноил намешаванд.

Ба гузориши икно бо истинод ба «Ал-Машоҳид», Ҳоҷия Марям Ар-Румайма бо вуҷуди беш аз 82 сол доштани синну сол ва ҷисми заифе, ки даҳсолаҳо ранҷу машаққатро таҳаммул кардааст, ҳамоно зеҳни фаъол ва неруманд дорад. Ӯ дар бистари беморӣ низ чеҳраи орому мутмаин дорад, ки нишон медиҳад иродаи қавӣ метавонад бар душвортарин мушкилоти зиндагӣ ва саломатӣ пирӯз шавад.

Дар ҳоле ки нақши модарии ӯ дар хотираи ягона писар ва се духтараш нақш бастааст, барои 21 наберааш тасвири дигаре аз ӯ вуҷуд дорад. Дар зеҳни онҳо ӯ ҳамеша бо ду манзара пайванд хӯрдааст: аввал, модаркалоне, ки дастгоҳи сабти овозро дар оғӯш гирифта, бо диққат ба оятҳои Қуръони Карим, ки бо қироати Форис Аббод пахш мешаванд, гӯш медиҳад; ва дуюм, ҳамон зане, ки ин оятҳоро бо маҳорати комил ва дақиқ тиловат мекунад.

Ин зани деҳотӣ бар бесаводии худ ғолиб омада, танҳо тавассути шунидан тамоми Қуръонро аз ёд кард.

Дар деҳаи Ҳаднон, воқеъ дар доманаи кӯҳи Сабр дар вилояти Таиз, Ҳоҷия Марям дар замоне ба дунё омадааст, ки барои духтарон имкони таҳсил қариб вуҷуд надошт ва зиндагии онҳо бештар ба корҳои кишоварзӣ ва нигоҳубини хона маҳдуд мешуд.

Марям даҳсолаҳои зиёди умри худро мисли дигар занони меҳнатдӯсти деҳот сипарӣ кард. Ӯ хонашин ва кишоварзи фаъол буд, ки барои таъмини зиндагии оилааш пайваста дар замин кор мекард. Аммо дар паси ҳамаи ин заҳматҳо орзуи бузурге дар дилаш ҷой дошт; орзуе, ки барои атрофиён ғайриимкон менамуд: ҳифзи пурраи Қуръон, бо вуҷуди бесаводӣ.

Писараш, Шайх Мухтор Ар-Румайма, дар деҳа маркази ҳифзи Қуръон таъсис дод, ки ба бузургтарин ангезаи модараш табдил ёфт. Ӯ соли 2006, дар даҳаи шастуми зиндагии худ, тасмим гирифт орзуяшро ба воқеият табдил диҳад.

Барномаи ҳаррӯзаи Ҳоҷия Марям бар асоси интизоми сахт тарҳрезӣ шуда буд. Пас аз намози аср ба ҳалқаи қироат мерафт, то оятҳои ҳифзкардаашро назди устод бихонад ва оятҳои навро фаро гирад. Байни намозҳои шом ва хуфтан марҳилаи мустаҳкамсозии ҳифзро оғоз мекард ва дар ин роҳ ба ҳамсафари доимии худ  дастгоҳи сабти овоз ва наворҳои кассетӣ такя мекард. Соатҳо пеш аз намози субҳ бедор мешуд, намоз мегузорид ва дубора ба Қуръон гӯш медод, то оятҳоро дар хотираи худ нақш бандад.

Муваффақият пас аз 10 соли ҳамнишинӣ бо Қуръон

Ҳоҷия Марям даҳ соли пурмашаққатро бо Қуръони Карим сипарӣ кард. Ниҳоят, соли 2016 лаҳзаи таърихӣ фаро расид; лаҳзае, ки даҳсолаҳо бесаводӣ ва даҳ соли талошу шунидани пайвастаи Қуръонро дар худ ҷамъ карда буд. Вақте охирин оятро тиловат намуд, ашки шодӣ аз рӯйи хастааш ҷорӣ шуд. Ӯ бо эҳсоси ифтихор ва пирӯзӣ бар маҳдудиятҳои ҷисмонии худ саҷдаи шукри тӯлонӣ ба ҷо овард.

Дар он лаҳзаи фаромӯшнашаванда тамоми ранҷҳои солҳои гузашта аз байн рафтанд ва оромиши амиқе вуҷуди ӯро фаро гирифт; оромише, ки гӯё дар деворҳои хонаи хурди ӯ ҷой намегирифт.

Ҳифзи пурраи Қуръон оила ва ҷомеаи ӯро сахт таҳти таъсир қарор дод. Бисту як фарзанду набераи ӯ, ки бисёре аз онҳо соҳиби таҳсилоти олӣ буданд, бо ҳайрат ва эҳтиром ба дастоварди модаркалони бесаводи худ нигаристанд; зане, ки ба мақоме расид, ки ҳатто бисёре аз афроди босавод ва соҳибтаҳсилот низ ба он ноил шуда наметавонанд.

4358134

captcha