Ба гузориши икно бо истинод ба сомонаи «Васл», дар моҳҳои ахир Малайзия шоҳиди афзоиши назарраси маъракаҳои интернетии нафратангез алайҳи ақаллияти мусулмони руҳингиё будааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва муҳаққиқон ҳушдор медиҳанд, ки гуфтугӯ ва муҳтавои паҳншаванда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шабоҳати нигаронкунандае ба маъракаҳои таблиғотие дорад, ки пеш аз поксозии қавмии руҳингиё дар Миёнмар соли 2017 сурат гирифта буданд. Ба гуфтаи нозирон, чунин фазо на танҳо паноҳандагонро таҳдид мекунад, балки метавонад роҳро барои табдил ёфтани нафратпароканӣ дар интернет ба ҳамлаҳои ҷисмонӣ ҳамвор созад.
Тибқи гузориши маҷаллаи The Diplomat, бисёре аз паноҳандагони руҳингиё Малайзияро, ки аксари аҳолиаш мусулмонанд, яке аз меҳмоннавозтарин кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои худ медонистанд. Аммо ин эҳсос пас аз авҷ гирифтани мавҷи хашм дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз байн рафт. Ин мавҷ баъд аз нашри аксҳое оғоз шуд, ки забҳи чорвоҳои қурбонӣ дар иди Қурбонро дар минтақаи Селайанг нишон медоданд. Дар пайи ин, маъракае барои ихроҷи руҳингиё аз Малайзия дар интернет оғоз гардид, ки пеш аз ҳазф шуданаш садҳо ҳазор имзо ҷамъ овард.
Содиқ, фаъоли руҳингиё ва муассиси созмони Rohingya Rights Response, гуфт, ки пас аз ин маърака эҳсоси амнияташро аз даст додааст. Ӯ афзуд, ки ҳоло аз тарси ҳадафи ҳамла қарор гирифтан аз хона камтар берун мебарояд ва ҳатто аз суҳбат бо забони модарии худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарос дорад.
Изҳороти душманона танҳо ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд набуд, балки ба доираҳои сиёсӣ, расонаӣ ва академӣ низ роҳ ёфт.
Бархе аз чеҳраҳои ҷамъиятӣ барои тавсифи руҳингиё аз ибораҳои таҳқиромез истифода мекарданд. Ҳамзамон, дар баъзе рӯзномаҳо паноҳандагон бо ибораҳои ғайриинсонӣ тавсиф мешуданд. Инчунин, паёмҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо ихроҷи руҳингиё ё маҳрум сохтани онҳо аз ҳуқуқҳои асосӣ талаб карда мешуд. Фаъолони ҳуқуқи башар чунин мавқеъҳоро қонунӣ гардондани нафратпароканӣ ва ташвиқи ҳамлаҳо алайҳи руҳингиё арзёбӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти ҷамъоваришудаи созмони Rohingya Rights Response аз беш аз 100 паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тақрибан 30 дарсади онҳо маълумоти бардурӯғ дар бораи руҳингиёро дар бар мегирифтанд ва зиёда аз 30 дарсад дорои нафратпарокании ошкор буданд. Қисми зиёди ин паёмҳо махсусан занон ва кӯдакони руҳингиёро ҳадаф қарор дода буданд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар инчунин аз вокуниши сусти ширкати Meta дар ҳазфи муҳтавои таҳриккунанда, бахусус матолибе, ки ба забони малайӣ нашр шудаанд, интиқод кардаанд.
4364972