Бино ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Ал-Явм ас-Собеъ», дар ин маросим Шайх Абдуссабур Ансорӣ, намояндаи Вазорати авқофи Миср дар вилояти Буҳайра, ба унвони ёдгорӣ ба аъзои ҳайати доварон туҳфаҳо тақдим намуд.
Дар ин маросим як қатор масъулони Вазорати авқофи Миср низ ҳузур доштанд ва аз аъзои ҳайати доварон, аз ҷумла Шайх Ёсир Аш-Шарқовӣ, Муҳаммад Форуқ Абулхайр ва Шайх Наср Абулҷалоҷил қадрдонӣ ба амал омад.
Ҳайати доварон ширкаткунандагонро бар асоси меъёрҳои дақиқи илмӣ ва ҳунарӣ арзёбӣ намуда, ба ҳар як иштирокчӣ вақти кофӣ медиҳад, то тавоноӣ ва маҳорати худро ба намоиш гузорад.
Қобили зикр аст, ки мавсими дуюми барномаи «Давлати тиловат», ки чанде пеш дар Миср оғоз гардидааст, ҳамоно ба кашф ва парвариши қориёни боистеъдод аз вилоятҳои гуногуни ин кишвар идома медиҳад.
Ин барнома бо ҳамкории Вазорати авқофи Миср ва Ширкати хадамоти расонаии «Ал-Муттаҳида» таҳия шудааст ва ҳадафи он дастгирии ҳофизони Қуръони карим ва густариши фарҳанги қироати дуруст мутобиқ ба қоидаҳои таҷвид мебошад.
Соли гузашта мавсими аввали барномаи «Давлати тиловат» бо мақсади шиносоии истеъдодҳо ва қориёни соҳибсабк аз вилоятҳои мухталифи Миср баргузор шуда, аз шабакаҳои моҳвораии «Ал-Ҳаёт», CBC, «Ан-Нос», «Миср Қуръони Карим» ва инчунин тавассути платформаи «Watch It» пахш гардид.
4366487