IQNA

Ҳифзи мероси асили китобати Қуръон бо қалами хаттоти санъонӣ + филм

10:42 - July 29, 2026
рақами хабар: 4885
Алӣ Қосим, хаттоти яманӣ, бо шавқу муҳаббати хос ба ҳифзи суннати деринаи дастнависии Қуръони карим бо расмулхатти усмонӣ машғул аст, ки ин аз муҳаббати амиқи ӯ ба Каломи Худо шаҳодат медиҳад.

Бино ба гузориши икно ба нақл аз шабакаи телевизионии «Ал-Арабӣ», ин хаттоти яманӣ бо идома додани суннати қадимаи дастнависии Қуръон, оятҳои илоҳиро бо дақиқӣ ва бар асоси қоидаҳои расмулхатти усмонӣ китобат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳунар пеш аз ҳама аз дилбастагӣ ба Каломи Худо ва талош барои ҳифз ва посдории мероси асили исломӣ сарчашма мегирад.

Қосим, ки дар коргоҳи худ дар манзилаш дар шаҳри Санъо фаъолият мекунад, пеш аз навиштани ҳар ҳарф, қаламашро бо эҳтиёт дар ҷавҳар мезанад ва шавқу завқи шахсии худро бо ҳунари суннатие, ки дорои қоидаҳои дақиқ ва махсус аст, дар ҳам меомезад.

Ин хаттоти яманӣ мегӯяд, ки раванди китобати оятҳои Қуръони карим аз навиштани ҳар гуна матни дигар комилан фарқ мекунад.

Дар идома ӯ намунае аз нахустин таҷрибаи худ дар китобат бо хатти насх — ки маъмултарин хат барои навиштани Қуръон мебошад — ба намоиш гузошт. Сипас дар бораи китобати Қуръон бар асоси расмулхатти усмонӣ тавзеҳ дода, гуфт, ки ин навъи хат бар пояи қоидаҳои бисёр дақиқ бунёд ёфтааст ва ба маъно, балоғат, забон ва тафсири Қуръон таваҷҷуҳи махсус дорад.

Қосим дар бораи коғази мавриди истифода барои хушнависӣ ва китобати Қуръон гуфт, ки дар гузашта аз коғазҳои махсус истифода мешуд, аммо имрӯз аз коғази саноатии муосир истифода мекунанд. Ин навъи коғаз ба хаттот имкон медиҳад, ки ҷавҳар ба пушти саҳифа нагузарад ва осори навишта дар тарафи дигари коғаз падидор нашавад.

Ин ҳунарманди яманӣ дар бораи ангезаи худ барои идомаи ин роҳ чунин гуфт: «Аввалин ангезаи ман муҳаббат ба Китоби Худост. Дувум, китобати Қуръони карим барои ман ифтихор ва масъулияти бузург аст. Савум, ин кор имконият медиҳад, ки истеъдоди худро дар ҳунари хушнависӣ парвариш дода, тақвият бахшам.»

Ӯ дар поён таъкид кард: «Аз замоне ки ба арсаи хушнависӣ ворид шудаам, ҳеҷ фаъолияте ба андозаи китобати Қуръони карим дар рушду такомули ин истеъдод ба ман кумак накардааст.»

تعداد بازدید : 1
код

4366444

captcha