Ба гузориши икно бо истинод ба Ал-Ҷазира, Ҳабиба Муҳаммад намунаи илҳомбахши сабру устуворӣ ва пирӯзӣ бар осебҳои рӯҳӣ пас аз шаҳодати модараш дар овони наврасӣ мебошад. Ӯ оромиш ва таскини маънавиро дар ҳифзи Қуръони Карим пайдо кард ва нишон дод, ки чӣ гуна дарди ҷудоӣ аз модари шаҳидашро ба ангезаи пурқуввате барои идомаи роҳи ҳифзи Қуръон табдил додааст; роҳе, ки солҳои тӯлонии талоши пайваста ва тамаркузи баландро талаб мекард.
Ин духтар гуфт, ки пас аз лутфи Худованд, муваффақияти худро мадюни модархондааш медонад, ки ӯро бо меҳрубонӣ ба оғӯш гирифт ва дастгирии равонӣ ва омӯзишии заруриро барои пушти сар кардани он давраи сахти зиндагӣ фароҳам овард.
Ӯ таъкид кард, ки ҳамин пуштибонӣ санги асосе гардид, ки ба ӯ имкон дод, бо вуҷуди тамоми шароити душвори ҳоким бар Навори Ғазза, Қуръони Каримро пурра аз бар намояд.
Ҳабиба афзуд, ки роҳи ҳифзи комили Қуръон осон набуд, аммо иродаи ӯ барои расидан ба орзуяш аз ҳамаи мушкилоте, ки дар ҷараёни таҳсил ва омӯзиш бо онҳо рӯ ба рӯ мешуд, қавитар буд.
Ҳабиба ҳамроҳ бо гурӯҳе иборат аз 600 ҳофизи дигари Қуръони Карим, дар маросими бошукӯҳе, ки барои қадрдонӣ аз талошҳои онҳо баргузор гардид, иштирок кард.
Ин чорабинӣ нишондиҳандаи пойбандии ҷомеаи мӯъмини Ғазза ва ниҳодҳои исломӣ ба ҳимоят аз истеъдодҳои ҷавонест, ки бо вуҷуди воқеиятҳои талхи Ғазза, дар роҳи камол ва пешрафти маънавии худ устувор мондаанд.
Созмонҳои ҳомӣ маросими қадрдонии наврасони ҳофизи Қуръони Ғаззаро бо ҳадафи муаррифии намунаҳои илҳомбахши ҷавононе баргузор карданд, ки бо умед ва ирода бар сахтиҳо ғолиб меоянд. Ин маросим бо ҳузури густурдаи падару модарон, ки аз дастоварди бузурги қуръонии фарзандони худ ифтихор мекарданд, ба поён расид.
4366841