Ба гузориши икно бо истинод ба хабаргузории Айн, ин мусобиқот аз 23-юми моҳи Сафар то 6-уми Рабиъулаввали соли 1448 ҳиҷрии қамарӣ (мувофиқ ба 16–28-уми моҳи мурод) баргузор мешавад. Дар ин давра 334 нафар занону мардон аз 133 кишвари ҷаҳон барои ширкат номнавис шудаанд.
Ин шумораи иштироккунандагон як рекорди таърихӣ ба ҳисоб меравад ва аз замони оғози баргузории ин мусобиқот то имрӯз, бештарин теъдоди ширкаткунандагон дар ҳамин давра сабт шудааст.
Аз ҳадафҳои баргузории ин чорабинӣ метавон ба ташвиқи фарзандони мусулмон ба рӯй овардан ба ҳифз, тадаббур ва дарки Китоби Худо, таҳкими рӯҳияи рақобати солим миёни ҳофизони Қуръон, таҳкими пайванди насли ҷавон бо Қуръони карим ва муаррифии талошҳои Арабистони Саудӣ дар хидмат ба Қуръон ва омӯзиши каломи ваҳй ишора кард.
Ин давра дорои баландтарин ҳаҷми ҷоизаҳо мебошад, ки арзиши умумии онҳо 10 миллиону 26 ҳазор риёли саудӣ аст. Мусобиқот дар панҷ бахш баргузор мешавад:
* ҳифзи комили Қуръон бо қироатҳои ҳафтгонаи мутавотир;
* ҳифзи комили Қуръон бо тафсири вожаҳои Қуръон;
* ҳифзи комили Қуръон;
* ҳифзи 15 ҷузъи Қуръон;
* ҳифзи пайдарпайи 5 ҷузъи Қуръон.
Марҳилаи ниҳоӣ ва маросими ихтитомияи бахши мардон дар Масҷидулҳаром баргузор мешавад. Мусобиқаҳо ва маросими ихтитомияи бахши занон бошад, дар толори конфронсҳои меҳмонхонаи Ҳилтон дар шаҳри Макка баргузор хоҳад шуд.
Ин мусобиқот имсол барои нахустин бор дар таърихи худ бахши махсуси занонро низ дар бар мегирад. Қарори иштироки занон дар мусобиқоти байналмилалии «Малик Абдулазиз» пас аз дархости Абдуллатиф ибни Абдулазиз, вазири корҳои исломии Арабистони Саудӣ, ки роҳбарии кулли мусобиқоти миллӣ ва байналмилалии Қуръонро бар уҳда дорад, қабул шудааст.
Ин мусобиқот ҳамасола бо ибтикори Вазорати корҳои исломии Арабистони Саудӣ дар Масҷидулҳаром баргузор гардида, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои байналмилалии қуръонӣ дар ҷаҳони ислом ба шумор меравад.
4366900