IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 3

Чигуна бурдбор шавем?

15:30 - May 29, 2023
рақами хабар: 49
Ошуфтагиҳо ва ранҷҳое ҳаст, ки ба далели шароити номатлуб ва ҳаводиси гуногун, инсонро фаро мегирад. Аммо чигуна метавон бо ислоҳи нигоҳҳо нисбат ба худ ва ҷаҳон бар чунин ранҷҳое ғалаба кард?

«... وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ (١٥٥) الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ؛  “Ба сабркунандагон мужда бидеҳ; Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ боз мегардем” (Бақара, 156).

Ин фарози Қуръон ба ояти истирҷоъ машҳур аст ва ин дарсро ба мо медиҳад, ки аз заволи неъматҳо ҳаргиз нороҳат нашавем, чаро, ки ҳамаи ин мавоҳиб балки худи мо тааллуқ ба Худо дорем. Ӯ як рӯз мебахшад ва рӯзи дигар маслиҳат мебинад ва аз мо пас мегирад ва ҳар ду мавриди салоҳи мо аст.

Ин воқеият, ки ҳамаи мо пас аз марг ба сӯи Худо боз мегардем, ба мо ёдоварӣ мекунад, ки дунё сарои ҷовидон нест ва заволи неъматҳо ва камбуди мавоҳиб ва ё касрати вуфури онҳо ҳама зудгузар аст, ва ҳамаи инҳо василае барои паймудани мароҳили такомул аст. Таваҷҷӯҳ ба ин ду асли асосӣ асари амиқе дар эҷоди рӯҳи истиқомат ва сабр дорад.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири Ал-Мизон менависад: замоне, ки инсон ба ҳақиқати Парвардгор ва молик ва соҳибихтиёр будани ӯ бар ҳама чиз бовар дошта бошад, ҳаргиз аз гирифториҳо нороҳат намешавад, чун Худро молики чизе намедонад, ки бо ба дастовардан ё аз даст додани он хушҳол ё нороҳат шавад.

Ҷаноби оқои Қироатӣ дар тафсири Нур менависад: Собирон, ба ҷои худбохтагӣ ва паноҳандагӣ ба дигарон, танҳо ба Худо паноҳ мебаранд. Зеро аз диди онҳо, тамоми ҷаҳон синфи дарс ва майдони озмоиш аст, ки бояд дар он рушд кунем. Дунё ҷои мондан нест ва сахтиҳои он низ нишонаи бемеҳрии Худованд нест. Ногувориҳо барои он аст, ки зери пои мо доғ шавад то тундтар ва сареътар ҳаракат кунем, бинобар ин дар талхиҳо низ ширинӣ аст. Зеро шукуфо шудани истеъдодҳо ва комёбӣ аз подошҳои илоҳиро ба думбол дорад.

Ҳамчунин ёди Худо дар ногувориҳо ва ёдоварии инки “انّا لِلّه Мо барои Худо ҳастем” осори мутааддиде дорад. Мӯҷиби дилдорӣ ва талқин ба инсон аст, изҳор ақоиди ҳақ аст, улгу шудани фарди мӯътақид барои дигарон аст.

Албатта ин мавзӯъ дар тазод бо талоши инсон барои рафъи гирифториҳо нест, балки беш аз ҳама бар нигариши инсон таъкид дорад. Инсонҳо мумкин аст дар баробари мушкилот бетобӣ кунанд, бурдбори кунанд ё инки илова бар сабр, шукргузорӣ кунанд. Ин бархурдҳо, нишонаи огоҳии ҳаркас нисбат ба фалсафаи сахтиҳост. Ҳамонгуна, ки кӯдак, бо хӯрдани ғизои тез бетобӣ мекунад, навҷавон онро таҳаммул мекунад, вале бузургсол пул медиҳад то ғизои тез харидори кунад ва бихӯрад.

Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, сабр, ранҷ, афсурдагӣ, ранҷ

captcha