
Ҳидояти Қуръон ба як минтақаи маҳдуде аз зиндагии башар ихтисос надорад; Ҳидояти қуръонӣ, марбут ба ҳамаи густараи азими зиндагии башар аст; Яъне чунон нест, ки Қуръон дар як бахше инсонро ҳидоят кунад ва дар як бахши дигаре аз мавориди мавриди ниёзи башар ва зиндагии башар, инсонро раҳо кунад ва беэътино убур бикунад.
Қуръон ба ҳамаи гӯша ва канорҳои саҳнаи зиндагӣ ва майдонии ҳузури башар иҳота дорад; Аз камоли маънавии инсон то масъалаи ҷавомеъи башарӣ ва идораи ҷавомеъи инсонӣ ва башарӣ ва иқомаи адл ва рафторҳои мудириятӣ барои идораи ҷавомеъи инсонӣ, ва кӯшиш дар муқобила бо душманон, ё рафъи душманиҳо: «وَلَا تَسْتَوِي الْحَسَنَةُ وَلَا السَّيِّئَةُ ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ؛ “Некӣ ва бади яксон нест. [Бадиро] бо беҳтарин шева дафъ кун; [бо ин бархурди матин ва нек] ногоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст [чунон шавад], ки гӯӣ дӯсти наздик ва самимӣ аст” (Фуссилат, 34).
Қуръон дар бораи рафъи душманиҳо мефрмояд: «فَاِذَا الَّذی بَینُکَ وَ بَینَه عَداوَةٌ کَاَنَّه وَلِیٌّ حَمیم» (Фуссилат, 34). Дарбора хонавода мефрмоед «رَبَّنا هَب لَنا مِن اَزواجِنا وَ ذُرِّیَّتِنا قُرَّةَ اَعیُن» (Фурқон, 74) ё «وَ اَنکِحُوا الاَیمی مِنکُم وَ الصّلِحینَ مِن عِبادِکُم وَ اِمائِکُم اِن یَکونوا فُقَراءَ یُغنِهِمُ اللهُ مِن فَضلِه»,(Нур, 32). Қуръон дар бораи масъалаи оромиш ва сукуни рӯҳӣ, сакина ва оромиши равони инсон, ки яке аз муҳиммтарин ниёзҳои инсон аст, мегӯяд «فَاَنزَلَ اللهُ سَکینَتَه عَلی رَسولِه؛ وَ عَلَی المُؤمِنین»,(Фатҳ, 26).
Аз фурӯ нишондани талотумҳои даруние, ки инсон дар ҳаводиси зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ мешавад, то тавсия ба илмомӯзӣ ва шинохти табиат, «وَ استَعمَرَکُم فیها» (Ҳуд, 61), ки инсон бояд ба самти илм, ба самти доноӣ, ба самти кашфи ҳақоиқи табиат ва ҳақоиқи олами вуҷуд ҳаракат кунд, ва то рафторҳои фардии инсон, «وَ لا تُصَعِّر خَدَّکَ لِلنّاسِ وَ لا تَمشِ فِی الاَرضِ مَرَحًا “Ва аз мардум [бо такаббур] рӯй барнагардон ва дар замин бо ғурур роҳ марв, ки Худо афроди худписандро дӯст надорад” (Луқмон, 18) дар Қуръон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
Яъне Қуръон бар ҳамаи бахшҳои зиндагии инсон нозир ва барои ҳамаи онҳо як роҳнамоӣ ва ҳидоят дорад ва барои ҳар бахше аз зиндагии инсон дарсе дорад, ки ин сарфаслҳои муҳимме, ки миқдоре аз он гуфта шуд, ҳама дар Қуръон матраҳ шудааст.
Бархе чиқадр ғофиланд касоне, ки хаёл мекунанд Қуръон ба масоили зиндагӣ, ба масоили сиёсат, ба масоили иқтисод ва ба масоили ҳукумат кор надорад. Интавр нест, балки бахши умдаи Қуръон роҷеъ ба ҳамин масоили иҷтимоӣ зиндагӣ аст.
“Барграфта аз баёноти Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, дар маҳфили унси бо Қуръони Карим.
Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ (мутаваллиди 1939), муҷтаҳиди шиа ва раҳбари динии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Аз ӯ осори мутааддиде дар муаррифии маорифи исломӣ мунташир шудааст.
Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, ҳидоят, Худо, иҷтимоъ, сиёсат, хонавода, иқтисод.