
Ҳаштоду шашумин сураи Қуръони Карим “Ториқ” ном дорад. Ин сура бо 17 оят дар ҷузъ сиюми Қуръони Карим қарор гирифтааст. Ториқ, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, сию шашумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ториқ ба маънои ситора ва мавҷуде аст, ки дар шаб меояд ва ин сураро аз он рӯ ториқ номидаанд, ки дар оғози он, ба Ториқ савганд ёд шудааст.
Сураи Ториқ ба маод мепардозад ва баён мекунад Худованд метавонад инсонро пас аз марг, дубора зинда кунад. Ин сура сипас дар бораи аҳамияти Қуръон сухан мегӯяд ва онро сухани қотеъ ва равшангар муаррифӣ мекунад.
Матолиби ин сура бар ду меҳвар аст: 1. Маод, 2. Қуръон ва арзиш ва аҳамияти он.
Худованд дар оғози сура, ба вуҷуди муроқибони илоҳӣ бар инсон ишора мекунад ва сипас барои исботи мумкинбудани рӯзи қиёмат, ба зиндагии нахустин ва оғози пайдоиши инсон аз оби нутфа ишора мекунад ва натиҷа мегирад Худованде, ки қодир аст инсонро аз чунин оби беарзиш ва ночиз биёфаринад, тавоноӣ бозгашти муҷаддади ӯро низ дорад. Дар марҳалаи баъд ба баъзе вижагиҳои рӯзи қиёмат мепардозад ва онгоҳ бо зикри савгандҳои мутааддид ва пурмаъно, аҳамияти Қуръонро гӯшзад мекунад ва саранҷом сураро бо таҳдиди кофирон ба муҷозоти илоҳӣ поён медиҳад.
Ояти нӯҳуми ин сура аз оёти машҳур аст, ки қиёматро «یوم تبلی السرائر: Рӯзе, ки розҳо фош мешавад» мехонад. Ин оят ба думболи ояти қабл, ки мегӯяд Худованд қодир аст инсонро дубора зинда кунад, ба тавсифи рӯзи қиёмат мепардозад ва мегӯяд дар он рӯз розҳо ошкор мешавад. Ошкоршудни асрор барои мӯъминон мояи ифтихор ва бештар шудани неъмат аст ва барои муҷримон далели хиҷолат ва шармандагӣ; Ва чӣ дарднок, ки одамӣ умри зиштиҳои худро пинҳон карда ва дар он рӯз дар баробари ҳама ошкор мешавад.
Ҳамчунин дар ояти 4 сураи Ториқ «إِنْ كُلُّ نَفْسٍ لَمَّا عَلَيْهَا حَافِظٌ» ба пойдорӣ ва бақои нафс ишора дорад ва ин ҳифз шудан ҳам шомили худи нафс ва ҳам корҳои анҷом шудааст. Худованд нафсро ба гунае офарида, ки бо марг аз миён намеравад ва фасод ва табоҳӣ надорад ва чун шахсият ва ҳақиқати инсон, бар асоси нафси ӯ шакл мегирад, дар қиёмат, ки Худованд бандаҳоро зинда мекунад ва нафсро ба онҳо боз мегардонад, дар натиҷа инсоне, ки зинда шуда, ҳамон инсони дунявӣ аст; Ҳар чанд бандае, ки муҷаддадан дар қиёмат офарида ва зинда шуда мисли бандаи дунявӣ набошад.