IQNA

Раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ:

Мусобиқоти Қуръони донишҷӯён эҳё мешавад

12:53 - October 14, 2023
рақами хабар: 563
Теҳрон (ИКНА) Муслимии Ноинӣ, дар нишасти ҳамандешӣ бо руасои донишгоҳҳои устони Семнон, аз эҳёи мусобиқоти Қуръони донишҷӯён хабар дод ва афзуд: кӯшиш мекунем то ин мусобиқотро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ баргузор кунем.

Ҳасан Муслимии Ноинӣ, раиси Ҷиҳоди доншгоҳӣ, аср рӯзи панҷшанбе, дар нишасти ҳамандешӣ бо руасои донишгоҳҳои устон бо баёни инки Ҷиҳоди доншгоҳӣ омодагӣ дорад, ки аз зарфият ва тавонмандии ҳамаи донишгоҳиён истифода кунад, гуфт: донишгоҳҳои устон метавонанд аз зарфияти болои хабаргузории ИСНО ба унвони яке аз расонаҳои пурмухотаб ва ҳам чунин аз тавони хабаргузории ИКНА, ки тавлидоти он ба 21 забони зиндаи дунё тарҷума мешавад, истифода кунанд.

Муслимии Ноинӣ аз барномаи худ барои эҳёи мусобиқоти байналмилалии Қуръонии донишҷӯён хабар дод ва афзуд: ин мусобиқот дар гузашта шӯр ва ҳоли хубе дар донишгоҳҳои кишвар эҷод карда буд, аммо ин мусобиқот дар гузашта таътил шуда, ки Ҷиҳоди доншгоҳӣ дар ин давра ба думболи эҳёи ин мусобиқот аст.

Вай бо баёни инки дар пайи эҳёи мусобиқоти Қуръони донишҷӯён ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳастем, ёдовар шуд: мунозироти донишҷӯӣ ба унвони як зарфияти муҳимми дигар дар Ҷиҳоди доншгоҳӣ аст ва токунун беш аз 14 ҳазор донишҷӯ аз саросари кишвар дар ин мунозираҳо ширкат кардаанд.

https://semnan.iqna.ir/fa/news/4174853

captcha