
Наваду чаҳорумин сураи Қуръони Карим “Шарҳ” ё “Иншироҳ” ном дорад. Ин сура бо 8 оят дар ҷузът сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. “Шарҳ”, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, дувоздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
“Иншироҳ” ва “Шарҳ” ба маънои вусъат додан ҳастанд, ки ин вожа дар аввалин ояти сура омадааст ва ишора ба «шарҳи садри» Паёмбар дорад, ки мафҳуми он сабре аст, ки Худованд дар дили эшон қарор дод.
Ҳадафи ин сура оромиш додан ба Паёмбари Ислом(с) ва даъвати эшон ба муқовимат аст, барои ҳамин Худованд неъматҳои бузургеро, ки ба он ҳазрат додаро ёдоварӣ мекунад ва ба ӯ хабари пирӯзӣ бар мушкилотро медиҳад ва ба ибодат ва дуо дастури медиҳад.
Ин сура ба семавзӯъ ишора дорад; Аввал, баёни неъматҳои сегона бар Паёмбар (с); Дувум, додани ин хабар ба Паёмбари Ислом (с), ки дар ояндаи мушкилот даъват ба Ислом бартараф мешавад; Севум, таваҷҷуҳ ба Худованд ягона ва ташвеқ ба ибодат ва ниёиш.
Сураи иншироҳ бо баёни се неъмати бузург ва вижаи Худованд ба Паёмбари Ислом (с) оғоз мешавад. Ибтидо «шарҳи садр» аст, ки омодагии пазириши ваҳй ва анҷоми вазоифи паёмбарӣ ва сабр дар баробари сахтиҳо ва таҳаммули озор ва азияти мардумро дошта бошад. Сипас ба сабук кардани бори сангин масъулияти паёмбарӣ ва ҳидояти мардум ишора мекунад. Севумин неъмате, ки Худованд ба Паёмбар дода, баланд овоза кардан ва машҳур кардани номи он ҳазрат аст. Ба унвони мисол Худованд номи Паёмбари Ислом (с)-ро дар азон ва иқома ва ташаҳҳуди намоз дар канори номи худ қарор додааст.
Дар панҷумин оят, хабари хуши ба Паёмбар (с) дода мешавад; Хабари омадани осонӣ пас аз душворӣ: فَاِنَّ مَعَ العُسرِ یُسراً ”Пас [бидон ки,] бо душворӣ, осонӣ аст” ва дар ояти баъд, ин матлаб такрор мешавад.
Гурӯҳе аз муфассирон такрори «العُسر»-ро ба сурати муаррифа ва маълум, далел бар яке будани он ду дониста ва такрори «یُسراً» ба сурати накара ва номаълум далел бар мутафовит будани онҳо медонанд, бинобар ин, мақсуди оят чунин аст, ки дар баробари ҳар сахтӣ, ду осонӣ вуҷуд дорад: як осонӣ дар дунё ва як осонӣ дар охират.
Дар ниҳояти Худованд хитоб ба Паёмбар (с) дастуротеро баён мекунад: فَاِذا فَرَغتَ فَانصَب؛ و اِلی رَبِّکَ فَارغَب: “Пас чун фароғат ёфтӣ, ба тоат бикӯш; Ва бо иштиёқ, ба сӯи Парвардигорат рӯй овар” (Иншироҳ / 7 ва 8)