IQNA

Сураҳои Қуръон / 97

Ишораи сураи Қадр ба шаби бартар аз ҳазор моҳ

14:43 - October 25, 2023
рақами хабар: 622
Теҳрон (ИКНА) шаби қадр, яке аз шабҳои бисёр арзишманди моҳи Рамазон аст, ки сурае бо ҳамин ном дар Қуръон барои баёни вижагиҳои он дорад.

Наваду ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Қадр” ном дорад. Ин сура бо 5 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Қадр”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, бисту панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.

“Қадр” ба маънои андоза, миқдор ва арзиш аст. Дар ин сура, аз шаби арзишофаринӣ, андозагирӣ ва сарнавиштсози инсон сухан ба миён омадааст; Шабе, ки аз ҳазор моҳ бартар аст. Ин шаб дар яке аз шабҳои моҳи мубораки Рамазон (19, 21 ё 23) қарор дорад ва Қуръон дар он нозил шудааст; Шаби васлшудани замин бо осмонҳо ва фурудомдани фариштаҳо ва рӯҳҳо аз осмон ба замин аст.

Номи сураи Қадр аз оёти ибтидоӣ он гирифта шуда, ки ба нузули Қуръон дар шаби қадр ва аҳамияти он шаб ишора дорад.

Сураи Қадр аз бузургӣ ва бартариҳо ва баракоти шаби Қадр ва нузули фариштаҳои раҳмат дар ин шаб сухан мегӯяд.

Мӯҳтавои куллии сураи Қадр дар бораи нузули Қуръон дар шаби Қадр, баёни бузургии шаби Қадр (, ки аз ҳазор моҳ болотар аст), поин омадани фариштагони раҳмат ва «рӯҳ» ва навиштани сарнавишти инсонҳо ва ишора ба баракоти ин шаб аст. Бинобар ин манзур аз бартарии шаби Қадр нисбат ба ҳазор моҳ, аз назари ибодат кардан аст, пас шаб бедор мондан дар шаби Қадр беҳтар аз ибодат дар ҳазор моҳ аст.

Дар ояти чаҳоруми ин сура омадааст: تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّ‌وحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَ‌بِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ‌: “Дар он [шаб] фариштагон, бо рӯҳ, ба фармони Парвардгорашон, барои ҳар коре [, ки муқаррар шуда аст] фуруд оянд”. Имом Хумайнӣ ду эҳтимол барои «рӯҳ» зикр мекунад; Аввал рӯҳ дар маънои «Рӯҳул-Амин» ва «Ҷабраил» ва дувум манзур «Рӯҳи бузург» аст. Ин рӯҳ ба далели инки ҳамаи ҳақоиқ дар он ҷамъ аст, ақли аввал мебошад.

Аллома Таботабоӣ низ дар мавриди «амр» дар сураи Қадр ду эҳтимол додааст; Яке амр ба маънои «ҷаҳони амр», ки дар ин сурат маънои оят ин аст, ки фариштагон ва рӯҳ дар шаби Қадр ба дастури Парвардгорашон фуруд меоянд ва дастуроти илоҳиро содир мекунанд. Эҳтимоли дуввум ин, ки манзур аз масъалае аст, ки қарор аст иттифоқ биафтад дар ин сурат манзури оят ин аст, ки фариштагон ва рӯҳ дар шаби Қадр барои баррасии тамоми умур ва ҳаводисе, ки қарор аст иттифоқ биафтад фуруд меоянд.

captcha