IQNA

Гуфтани Аллоҳу Акбар дар масҷидҳои Ироқ дар ҳимоят аз Фаластин

22:04 - October 28, 2023
рақами хабар: 634
Ироқ (ИКНА) масҷидҳои Бағдод ва шаҳрҳои дигари Ироқ барои эъломи ҳамбстагӣ бо миллати мазлуми Ғазза дар баробари омоҷи ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ садои Аллоҳу Акбарро аз гулдастаҳои масоҷид пахш ва маҳофили қироати дуо баргузор мекунанд.

Ба думболи ҳамалоти ҷунуномези шаби гузаштаи режим ҷинояткор ва палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар Бағдод ва шаҳрҳои дигари Ироқ бонги Аллоҳу Акбар аз гулдастаҳои даҳҳо масҷид дар Бағдод пойтахти Ироқ танинандоз шуд.

Ин иқдоми масоҷиди Бағдод бо истиқболи корбарони бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кишвар ҳамроҳ шуд. 

Авқофи аҳли суннати Ироқ аз тамоми масоҷиди Ироқ хостааст барои ҳимоят аз бародарони фаластинӣ дар Ғазза аз тариқи баландгуҳои худ бонги Аллоҳу Акбарро пахш кунанд.

Авқофи шиа низ аз масоҷид, ҳусайнияҳо ва зиёратгоҳҳо дар ин кишвар хост барои ҳамбстагӣ бо миллати Фаластин дар Ғазза маҳфили қироати дуо барои наҷоти аҳоли Ғазза аз ситами ишғолгарони саюунистиро баргузор кунанд.

Авқофи шиаи Ироқ дар баёнияи худ эълом кард: ба манзури ҳамбстагӣ бо миллати дар муҳосираи Фаластин дар Ғазза, ки дар ҳоли ҳозир бо фаҷеътарин ҳамла дар таърихи башарият аз сӯи душмани саҳюнистӣ Амрикоӣ рӯбарӯ ҳастанд, Ҳайдар Ҳасан Аш-Шамрӣ, раиси девони авқофи шиа аз масоҷид, ҳусайнияҳо ва зиёратгоҳҳои шарифи шиа дар саросари Ироқ хост дуои аҳли (ثُغُورَ) "Суғур" ҳар субҳ ва шаб барпо кунанд ва дар ҳамаи пойгоҳҳои хабарии худ мунташир кунанд.

Ниёиши бисту ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия Имоми Саҷҷод (а), ба аҳли Суғур яъне сипоҳиёни сарҳадоти Ислом дуо мекунад ва аз худо нусрат ва қудрат ва адолати ғолибият ва ҳифзи марзбононро металабад.

https://iqna.ir/00HWxn

captcha