مَا أَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللَّهِ وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ وَأَرْسَلْنَاكَ لِلنَّاسِ رَسُولًا وَكَفَى بِاللَّهِ شَهِيدًا; “(Эй Расули мо), ончи аз хубӣ бар ту мерасад аз ҷониби Худост ва ончи аз сахтӣ ва бадӣ бар ту ояд аз нафси туст ва мо туро ба рисолати бар мардумон фиристодем ва бар ҳаққонияти ин рисолат ҳамон гувоҳии Худованд кофӣ аст” (Нисоъ, 79).
Дар низоми куллии ҷаҳон танҳо як муассир ва як фоил вуҷуд дорад ва танҳо як ирода бар ҷаҳон ҳоким аст ва ғайр аз он, ҳар чӣ ҳаст ё ваҳм ва хиёл аст ё маҷрои намоён шудани ҳамон як ирода ва он иродаи Худованд аст.
Аммо вақте аз фазои «низоми куллӣ», ба олами дунё боз мегардем, дар ин дунё ҳар амали соҳиби фоили ҷудогона аст ва он фоил масъули амали худ аст. Вуҷуди қавонин ва муқаррарот ва эътиқод ба рафтори хуб ва бад ва усули ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ҳама ҳикоят аз он доранд, ки ҳар кас масъул икирдори худ аст. Бинобар ин ҳар куҷо дар Қуръон сухан аз ин меравад, ки ҳамаи корҳо ба дасти Худост, онҷо низоми кул ва иродаи куллӣ мақсуд аст, монанди: قل کلُ من عند الله; “Бигӯ ҳамаи корҳо аз ҷониби Худост” (Нисоъ, 78).
Аммо дар арсаи равобити аҷзои олам бо якдигар, дастур ин аст, ки мо гуноҳ ва бадиҳоро ба худ нисбат диҳем ва хубиҳоро ҳама аз ҷониби Худованд донем, ки ин ба ҳақиқат наздиктар аст. Зеро Худованд ба мо ихтиёр додааст.
Ҳикмате, ки дар пушти ин нигоҳ вуҷуд дорад, ба баёни кӯтоҳ ва мухтасар ин аст, ки хайр ва некӣ аз ҷинси вуҷуд ва будан аст ва ҳар куҷо онро биёбем, ба он хайри мутлақ мансуб мегардад ва «шар» аз мақулаи адам аст ва ба костиҳои зотии мавҷудот боз мегардад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.