Ба гузориши манобеи хабарӣ, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом кард, ки дастёбӣ ба тавофуқи оташбас бо режими ишғолгари Исроил наздик аст.
Ҳания дар баёнияи кӯтоҳе, ки дар саҳаргоҳи рӯзи сешанбе бар рӯйи канали Телеграмии Ҳамос мунташир шуд эълом кард: ҷунбиши Ҳамос посухи худро ба бародарони Қатар ва миёнҷиҳо расонд ва мо ба тавофуқи оташбас наздик ҳастем.
Хабаргузории Фаластинии Шиҳоб ҳам гузориш дод: Иззат Ал-Рашқ, аз раҳбарони Ҳамос низ гуфтааст: шоҳиди пешрафти ҷиддӣ дар музокирот ҳастем ва ба барқарории оташбас наздик мешавем, ҳар тавофуқе, ки сурат гирад заруратан мутобиқ бо шурути муқовимат хоҳад буд.
Вай бо баёни инки қасди эъломи ҷузъиёти бештаре аз ин музокиротро надорад изҳор кард: бародаронмон дар Қатар ва Миср ба зудӣ ҷузъиёти ин тавофуқро эълом мекунанд, зарфи чанд соати оянда тавофуқи оташбас эълом хоҳад шуд.
Иззат Ал-Рашқ зимни таъкид бар ин нукта, ки тарафи исроилӣ ба хусус Нетанёҳу дар масири тавофуқ, тааллули бисёре карданд, гуфт: муқовимат дар майдони набард ва сиёсат, як даст ва ҳамоҳанг аст ва ин тавофуқи ҳамаи гурӯҳҳои муқовиматро шомил хоҳад шуд, исроилиҳо талош мекунанд барои дарҳам шикастани муқовимат, музокиротеро ҳамзамон бо идомаи таҷовузоти худ пеш бибаранд, аммо чунин иттифоқе нахоҳад афтод.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз бастагони усарои исроилие, ки тавассути Ҳамос нигаҳдорӣ мешаванд шомгоҳи душанбе аз ҳузур дар нишасти бо аъзои давлати Исроил худдорӣ карданд. Рӯзномаи ибрии Ҳооретс навишт: бисёре аз бастагони гаравгонҳои исроилӣ аз нишаст бо аъзои давлати ҷанг хориҷ шуданд ва вақте ба онҳо гуфта шуд, ки сарнагунии Ҳамос ва озодии гаравгонҳо ба як андоза аҳамият дорад ибрози ноумедӣ карданд.
Тааллули Исроил дар оташбас
Зоҳир Ҷабборин, масъули дафтари шуҳадо, асирон ва маҷрӯҳони Ҳамос шомгоҳи душанбе гуфт, ки Исроил дар мавриди оташбас дар Навори Ғазза тааллул мекунад.
Ду манбаи огоҳ ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки тавофуқи озмоишӣ шомили як оташбаси панҷ рӯза аст, ки шомили оташбас дар замин ва маҳдудиятҳои барои амалиёти ҳавоӣ Исроил бар фарози ҷануби Ғазза аст. Дар иваз, байни 50 то 100 зиндоние, ки тавассути Ҳамос ва ҷиҳоди Исломӣ нигаҳдорӣ мешаванд, озод хоҳанд шуд. Ин афрод шомили ғайринизомиёни исроилӣ ва усарои миллитҳои дигар мешаванд, аммо сабозони низомиро шомил намешавад.
Бар асоси тавофуқи пешниҳодӣ, ҳудуди 300 Фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод мешаванд, ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакон ҳам вуҷуд дорад.
Дар ҳамин замина Бенёмин Ннтанёҳу гуфт: мо то замоне, ки гаравгонҳо бозгардонда нишванд, даст аз талош барнамедорем ва ин маъмурияти муқаддас аст, ки бар дӯши ман ва кобинаи ҷангӣ аст.
https://iqna.ir/fa/news/4183221