يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَنْ يَرْتَدَّ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ذَلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ; “Эй аҳли имон, ҳар, ки аз шумо аз дини худ баргардад (боке нест), ки Худованд ба зудӣ қавмеро меоварад, ки Ӯ ишонро дӯст дорад ва ишон Ӯро дӯст доранд ва ишон мардуме бошанд, ки бо аҳли имон ба тавозӯъ ва фурӯтан рафтор кунанд ва дар муқобили кофирон иззат ва маноати табъ доранд ва ишон дар роҳи Худо муҷоҳида мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре наметарсанд. Ин фазл ва раҳмате аст, ки Худованд ба ҳар, ки хоҳад ато мекунад. Ҳамоно, ки Худованд малики васеъ ва илми бепоён дорад” (Моида, 54).
Ин оят ҳушдоре аз Парвардигори одамиён ва маҳбуби оламиён аст ки эй бевафоён ва эй қадр ношиносон, агар шумо қадр ишқ ва манзилати дӯстии Парвардигорро намедонед ва аҳдеро, ки бо Ӯ бастаед, мешиканед ва бо шайтон ва аҳриман дӯстӣ мекунед, боки нест, зеро Худо ба зудӣ қавмеро ҷойгузини шумо мекунад, ки худ онҳоро дӯст медорад ва онҳо низ Ӯро дӯст медоранд.
Аз вижагиҳои ин ошиқони ҳазрати Ҳақ ин аст, ки дар муқобили ёрон ва ҳамроҳон ва хубон ва некон, бо фурӯтанӣ рафтор мекунанд, аммо дар баробари кофирон, ки золим ҳастанд, бо камоли иззат ва сарбаландӣ мувоҷеҳ мешаванд ва дар роҳи Ҳақ ҳамаи талоши худро ба кор мегиранд ва бо маломат ва таҳдиди ҳеҷкас аз роҳи ишқ барнамегарданд.
Агар ҳамаи мардумон низ толиби роҳи Худованд бошанд ва бихоҳанд, ки дар боғи биҳиштии Ӯ ворид шаванд, ҷойи касеро танг нахоҳанд кард, зеро ҳеҷ манъ ва маҳдудияте дар неъмат ва меҳрубонии Парвардигор нест, илло онки одамиён рӯй бигардонанд ва худро маҳрум кунанд.
Пайванди ду калимаи «یحبّهم» (онҳоро дӯст дорад) ва «یحبّونه» (Ӯро дӯст доранд) ҳам пайвандҳои инсонро бо Парвардигораш ва бо соири одамиён ва бо табиат дар бармегирад ва маънои ин ду калима, ҳамаи оламро пур кардааст.
Ҳар куҷо ин ду калима ҳузур надорад, онҷо ҳоле ва ҳарорате ва лаззате ва ваҷд ва шодие нест. Зиндагии хонаводагиро ин ду калима гарм мекунад, ки «дӯст дорам» ва «дӯстам дорӣ». Ҷомеаро ин ду калима метавонад ба таодул ва саодат бирасонад, ҷомеаое, ки дар он давлат миллатро ва миллат давлатро дӯст бидоранд, ва ҳамчунин дар ҳамаи корҳо ва санъатҳо ва тавлидҳо ва мудириятҳо ҳаргоҳ меҳвари аслии муҳаббати мутақобил бошад, ҳамаи мушкилот ҳал мешавад.
Дар ин оят, Худованд ҳамчунин масъалаи иртидодро тарҳ фармуда ва муртадро ба унвони касе, ки қадршиноси неъмат ва раҳмати илоҳӣ нест, маломат фармудааст. Ӯ дар ояти дигаре дар бораи муртаддон гуфтааст, ки ишон дар охират зиёнкор хоҳанд буд ва аз онҷо, ки асоси дин бар иҷбор нест, ҳар кас, ки рӯй аз дини худ бигардонад, касе бо ӯ коре надорад, магар бо насиҳат ва ҳидоят, ки агар таъсир накунад, он шахс бори масъулияти тасмимашро тамоман худ бар дӯш хоҳад дошт.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.