Ба гузориши манобеи хабарӣ, шуморе аз нусхаҳои Қуръони таҳия шуда аз сӯи вазорати авқофи Урдун бо ҳузури намояндаи Муҳаммад Халила, вазири авқоф ба манзури ибрози ҳамдардӣ бо кӯдакони фаластинӣ дар миёни кӯдакони бесарпарасти урдунӣ тавзеъ шуд. Дар ин маросим, ки ба ҳиммат ва ҳамкории бунёди Ҳарир вижаи ҳимоят аз кӯдакони саратонӣ баргузор шуд, дар канори нусхаҳои Қуръони Карим бастаҳои ҳимоятӣ аз сӯи ин бунёд низ ба кӯдакони бесарпарасти урдунӣ эҳдо шуд.
Ин кӯдакон, ки таҳти пӯшиши Созмони ғайридавлатии «Рустои кӯдакони SOS» як Созмони ҷаҳонӣ вижаи ҳимоят аз кӯдакони бесарпараст ҳастанд, пас аз дарёфти нусхаҳои Қуръони Карим ва бастаи ҳадоё зимни қадрдони худ аз ин иқдом, бо кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза иброз ҳамдардӣ карданд.
Аз сӯе бастаҳои кумакҳои эҳдоӣ шомили либос ва шуморе аз дигар ҳадоё низ дар миёни ин кӯдакон тавзеъ шуд.
Ниҳоди Дабас, масъули бунёди Ҳарир вижаи ҳимоят аз кӯдакони саратонӣ аз мудирияти Созмони «рустои кӯдакони SOS» тақдир кард ва ҳамчунин аз пӯшиши расонаӣ ин рӯйдод аз сӯи расонаҳои урдунӣ истиқбол кард. Вай ҳамчунин зимни ибрози нигаронии худ аз вазъияти кӯдакон дар Фаластин, бар омодагии худ барои имдодрасонӣ ба кӯдакон дар Навори Ғазза таъкид кард.
«Рустои кӯдакони SOS» як Созмони мустақил ва ғайридавлатии тавсеаи байналмилалӣ аст, ки аз соли 1949 барои посухгӯӣ ба ниёзҳо ва ҳифозат аз манофеъ ва ҳуқуқи кӯдакон талош кардааст. Ин Созмон тавассути Ҳерман Гемайнер дар шаҳри Имести Утриш таъсис шудааст.
https://iqna.ir/00HYYB