وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ; “Ва (эй Расули Мо) мардумонро ба адои ойини Ҳаҷ эълом кун то пиёда ва савора ва аз ҳар роҳи дӯр гирд оянд (ва кунгирае аз Худопарастон ва аҳли имон аз милал ва тавоифи гуногун падид ояд то ҳама бо якдигар ошно шаванд ва аз ҳикмат ва маорифи якдигар баҳрагиранд ва кори дунёяшон низ бад-ин ойин равнақ гирад” (Ҳаҷ, 27).
Худованди ҷаҳон ҳамаи одамиёнро даъват кардааст, ки дар макон ва замони хоссе ҳама гирд оянд ва ба ишқи Ӯ ба даври хонае бигарданд ва ба ёди Ӯ аз замон ва макон берун раванд ва ба Ӯ бипайванданд ва дар сӯҳбати Ӯ ба мақоми амн ва оромиш ва сукун бирасанд ва ҳолае аз қидосати ӯро ба гирди худ ҳис кунанд.
Худованд фармуд ба ҳар куҷо рӯ кунед, он чеҳраи Худост ва агар макони муайянеро таъйин фармудааст, ба хотири мост, ки намедонем дар биёбони олам ба куҷо биравем то бо Ӯ дидор кунем ва ба хотири он аст, ки мо одамиён бо якдигар ошно шавем ва дӯстӣ кунем ва гирди ҳам бигардем ва Парвардигорамонро дар ойинаи нигоҳҳои якдигар назора кунем.
Дар Ҳаҷ кунгираҳо ташкил диҳем ва колои маърифат ва фарҳанг ва суннатҳо ва сарватҳоро дод ва ситад кунем. Аз таҷаммулоте, ки монеъ дӯстиҳо ва муҳаббатҳо ва мояи ғафлатҳо ва зулмҳо аст, гоҳе даст бардорем, ҳама як ранг ва як либос шавем ва фақат бо инсонияти худ бо якдигар рӯбарӯ гардем.
Дар ин намоишгоҳи бузурги Ҳаҷ ширкат кунем ва саҳрои қиёматро ҳис кунем, ки он рӯз бояд танҳо ва беҳеҷ мақом ва сарвате, фақат бо дили пок дар пешгоҳи Парвардигор ҳозир шавем. Шайтони худпарастиро бо санги маърифат ва абзори ишқ ва дӯстӣ аз худ биронем, ҳамдил шавем бо ҳамаи касоне, ки дар ҷаҳон ҳайрон ва саргардон аз ин су ба он су мераванд то фарзанди ташнашон ва кӯдакони гуруснашонро об ва ноне биёваранд.
Чанд рӯзе даст аз ҷидол бардорем ва биёмӯзем, ки бояд бо якдигар ба забони ширин сухан гӯйем. Чанд рӯзе дар ойинаи худбинӣ нанигарем ва нигоҳи худро аз лаззоти дунявӣ ба фариштагон ва олами боло бияндозем ва ба лаззатҳои мутаолитар аз хӯрдан ва хобидан ва ҷоҳ ва мақом бияндешем ва вақте ба ватан бозгаштем, ҳамчунон ин сифоти хуб ва некӯро ҳифз кунем.
Ин нафси ҳайвониро қурбон кунем ва бар суфраи нафси илоҳӣ бинишинем. Худованд ба Иброҳими Халил фармуд, ки дар ин водии беоб ва алаф, хонае барои Ман бино кун ва чун бино кард, фармуд акнун мардумонро бад-ин хона даъват кун. Халил гуфт Парвардигоро, дар ин биёбон касе нест, ки даъвати маро бишинавад ва садои ин пири куҳансол чигуна метавонад саҳроҳо ва дарёҳоро дар навардад ва ба гӯши ҷаҳониён бирасад?
Худованд фармуд: ту бо ҳамон садои ларзон даъвати худро фарохон ва Ман онро ба гӯши ҳамагон хоҳам расонид ва аҷабо аз ин пешгӯӣ, ки инак ҳар сола ҳазорон ҳазор тан бад-ин даъват лаббайк мегӯянд ва пиёда ва савора ба гирди хона ҳозир мешаванд.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.