IQNA

Ҷанги Ғазза, Қуръон ва мавҷи гароиш ба Ислом дар кишварҳои ғарбӣ

20:59 - December 10, 2023
рақами хабар: 807
Саҳнаҳои ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва мазлумияти мардуми ин минтақа дар канори муқовимат ва пойдории Фаластиниён, бисёре аз мардуми кишварҳои ғарбиро ба хондани Қуръон ва мутолиа дар бораи Ислом мутамоил карда; Ин амр боиси ба роҳафтодани мавҷе аз гароиш ба дини Ислом дар Ғарб шудааст.

Ҷанги Ғазза боис шудааст бисёре аз мардум дар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Қуръони Карим ва ақоид ва боварҳои исломӣ кунҷков шаванд ва ба мутолиа ва огоҳ шудан аз ҳақоиқи ин дин, тамоюл пайдо кунанд.

Абдуллоҳ Ҳамад Ал-Азрақ, дар матлабе дар пойгоҳи хабарӣ таҳлилии Арабӣ 21 навишт: яке аз мусулмонони Амрико як нусхаи тарҷумашуда аз Қуръонро ба дӯсти худ, ки як баҳрнаварди амрикоӣ аст дод; Он фарди амрикоӣ бо хондани Қуръон фикр кард, ки ҳазрати Муҳаммад(с) дарёнавард будааст. Ояти 40 сураи Нур таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб карда буд: أَوْ كَظُلُمَاتٍ فِي بَحْرٍ لُجِّيٍّ يَغْشَاهُ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ سَحَابٌ ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ إِذَا أَخْرَجَ يَدَهُ لَمْ يَكَدْ يَرَاهَا وَمَنْ لَمْ يَجْعَلِ اللَّهُ لَهُ نُورًا فَمَا لَهُ مِنْ نُورٍ: "Ё [корҳояшон] монанди торикиҳое аст, ки дар дарёи жарф аст, ки мавҷе онро мепушонад [ва] рӯйи он мавҷи [дигар] аст [ва] болои он абре аст торикиҳое аст, ки баъзе бар рӯйи баъзе қарор гирифтааст ҳаргоҳ [ғарқа] дасташро берун овард ба заҳмат онро мебинад ва Худо ба ҳар кас нуре надода бошад ӯро ҳеҷ нуре нахоҳад буд". 

Вай ҳангоме, ки дӯсти мусулмони худро мулоқот кард, аз ӯ пурсид: паёмбари шумо дарёнавард будааст? Дӯсти мусулмонаш ба ӯ посух дод на! ва ба ӯ гуфт, ки ҳазрати Муҳаммад(с) нависандаи Қуръон набуда ва ин Қуръон ваҳй аз ҷониби Худованд будааст.

Ин посух барои дарёнавард такондиҳанда ва тааҷҷубовар буд. Зеро тавсиферо, ки аз тӯфонҳои дарё дар ояти зикр шуда омадааст танҳо дарёнавард медонанд. Он мард гуфт агар Муҳаммад(с) муаллифи Қуръон нест ва дарё надидааст, ин далел кофӣ аст бар ин, ки Қуръон тавассути холиқи ҳастӣ нозил шуда, ки ҳама чизро медонад; Лизо ба Ислом мушарраф шуд.

Ошноӣ бо Қуръон; Далели муҳимми гароиш ба Исломи ғарбиҳо

Дар таҳқиқоте, ки солҳо пеш дар мавриди далоили гароиш ба Исломи уламои масеҳӣ ё умуми ҷомеаи Ғарб анҷом додам ва натоиҷи онро дар маҷмӯаи мақолоте бо унвони: «Наздиктарин мардум дар дӯстӣ» (أَقْرَبَهُمْ مَوَدَّه) мунташир кардам ба ин натиҷа расидам, ки муҳиммтарин далели он «хондани Қуръон» аст.

Таҳқиқот далоили дигареро ба ман нишон додааст: афродеро мушоҳида кардам, ки фақат ба хотири таъсири азон, Ислом оварданд. Бархе ба далели рафтори хуби мусулмонон бо онҳо ва далоили дигар ба Ислом гаравиданд.

Бо ин ҳол, хондани Қуръон (ҳатто тарҷума) боризтарин далел буда ва хондани як ё чанд оят барои гиравидани бархе аз масеҳиёни ғарбӣ ба Ислом кофӣ будааст.

Кат Стивенс, ки баъдҳо исми худро ба Юсуфи Ислом тағйир дод, мусиқидони машҳури англисӣ аст, ки бедин шуда буд. Рӯзе бародараш, ки тоза аз Байтулмуқаддас омада буд, нусхае тарҷума шуда аз Қуръонро ба ӯ дод ва вақте сураи Ихлосро мутолиа кард мусулмон шудани худро эълом кард.

Ҷеффри Лонг, устоди риёзиёти Амрико, ки мулҳид буд, пас аз хондани тарҷумае аз Қуръон ба Ислом гаравид. Ӯ гуфт чизе, ки ӯро шигифтзада кард ин буд, ки вақте хондани Қуръонро шурӯъ мекард, ҳар чӣ амиқтар мехонд, бештар барои саволоташ посух меёфт ва ӯ онро як китоби мантиқӣ ёфт.

Дар ҷанги Ғазза, бархе Фаластиниҳо, ки аз зери овор берун меоянд ба маҳзи инки мутаваҷҷеҳ мешаванд азизони худро аз даст додаанд, бо имон ва ризояти комил мегӯяанд: Алҳамдулиллоҳ! ин падида бисёре аз ҷавонони ғарбро шигифтзада кард ва дар ҷустуҷӯи илали он, рози ин муқовимат ва салобатро дар Қуръон ёфтанд ва ҳазорон нафар ба Ислом гаравиданд.

Абдуллоҳ ибни Мансур, раиси Созмонҳои Исломӣ дар Аврупо ба нақл аз Аҳмад Мансур, муҷрии машҳури Алҷазира мегӯяд дар ин ду моҳ (пас аз ҳамалоти ваҳшёнаи Исроил ба Ғазза) танҳо дар Фаронса бист ҳазор нафар баъд аз хондани Қуръон, ба Ислом гаравиданд ва ҳамин иттифоқ баъд аз 11 сентябр ҳам рух дод.

Худованди Субҳон ба дурустӣ дар ояти 47 сураи Муҳаммад(с) фармуд: وَإِنْ تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ: "Ва агар рӯй бартобед [Худо] ҷойи шуморо ба мардуми ғайр аз шумо хоҳад дод, ки монанди шумо нахоҳанд буд".

https://iqna.ir/fa/news/4186750

captcha