
Ба гузориши “ИКНА” Ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Сади ал-Балад” маркази байналмилалии фатвои электироникии “Ал-Азҳар” дар гузорише ба ташреҳи фазилати ҳаҷҷи Байтуллоҳи Ҳаром ва зиёрати хонаи Худо ва савоби он пардохт.
Бар асоси гузориши ин марказ, «ҳаҷ рукни панҷуми Ислом аст ва шариати исломӣ нисбат ба адои он таъкиди вижа дорад ва онро бар касоне, ки иститоати молӣ доранд, воҷиб кардааст».
Маркази байналмилалии фатвои электироникии “Ал-Азҳар” эълом кард: «ҳаҷ аз беҳтарин аъмоле аст, ки боиси тақарруби ба Худованд мешавад. Аз Расули Аллоҳ(с) ривоят шуда, ки ҷузви беҳтарин аъмол аст ва аз он дар канори имон ба Худованд ва ҷиҳоди дар роҳи Худованд ном бурдааст».
Ин марказ ҳамчунин ҳаҷро иқдоме дар ҷиҳати омӯрзиши гуноҳон донист ва гуфт: Паёмбари Акрам(с) дар ин замина мефрмояд: مَنْ حَجَّ ِللهِ فَلَمْ یَرْفَثْ وَ لَمْ یَفْسُقْ رَجَعَ کَیَوْمٍ وَلَدَتْهُ اُمُّهُ: “Касе, ки Каъбаро барои ризои Худо зиёрат намуд ва ҷимоъ ё сухани лағв ва маосӣ аз ӯ содир нашавад, дар ҳоле бармегардад, кӣ, ҳамонанди рӯзе, ки аз модар мутаваллид шудааст гуноҳе надорад”.
Маркази байналмилалии фатвои электироники “Ал-Азҳар” дар ин гузориш таъкид кард, ки бар асоси ривоятҳо аз Паёмбар(с), ҳаҷ монанди ҷиҳод аст.