Хондан ва мутолиаи саргузашт ва зиндагӣ номаи бузургон ҳамвора барои башар дар тамоми давраҳои зиндагӣ судманд буда ва инсон бо улгу қарор додани онҳо метавонад номи худро ба бузургии номи онҳо дар қуллаи таърих сабт кунад. Мазияте, ки мутолиаи зиндагӣ номаи бузургон барои мардум дорад он аст, ки мардум ба ин усул метавонанд аз манзари таърих, таҳлил дурустӣ аз зиндагии онҳо дошта бошанд. Ба баёни содатар шароит ва муҳити иҷтимоӣ, ки ҳар шахсе дар он зиндагӣ мекунад бо ашхоси дигар мутафовит аст ва агар инсон муҳити зиндагии машоҳир ва мафохирро дар рушди онҳо асаргузор бидонад, масоили фарҳангии ҳар давраеро ба дурустӣ дарк карда ва дар сурти ба даст омадани шароити беҳтар (барои худаш) ин мавқеиятро аз даст намедиҳад.
Аз онҷое, ки зиндагии инсонҳо дар ҳар аср ва даврае шабеҳ ба ҳам аст ва фарқи ончноние боҳам надорад хондани зиндагии бузургон ва ба табаи он хондани таърих метавонад барои инсон бисёр судманд бошанд. Аз ин лиҳоз, ки шахси таъриххонда дар доме, ки гузаштагон дар он афтодаанд дигар намеафтад. Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд: عِبادَ الله انَّ الدَّهْرَ يَجْرى بِالباقينَ كَجَرِيهِ بِالْماضينَ; “Бандагони Худо! Рӯзгор дар мавриди ҷомондагон ба ҳамон шакле дар бораи гузаштагон ҷараён дошт ҷараён пайдо мекунад”.
Қуръони Карим дар мавориди мутааддиде наҳваи зиндагии паёмбарони зиёдеро ташреҳ ва муҳити иҷтимоӣ, ки ин бузургон дар он ҳузур доштандро ба тасвир мекашад; Ба унвони мисол достони зиндагии ҳазрати Иброҳим: Ишон дар муҳите зиндагӣ мекард, ки мардуми он замон бутпараст буданд ва ӯ маъмур ба баргардодани онҳо аз ин ойини ҷоҳилона буд. Қисмати дигаре аз зиндагии вай, ки Қуръон ривоят мекунад онҷост, ки фарзанд ва ҳамсари худро ба фармони Худованд дар биёбоне раҳо мекунад ва ба фармони Худованд мехост фарзанди худро дар роҳи худо қурбонӣ кунад.
Паёмбари дигаре, ки Қуръон зиндагиномаи ӯро ривоят мекунад ҳазрати Мӯсо (а) аст. Ишон марҳилаи кӯдакиро дар қасри Фиръавн мегузаронад ва дар бузургсолӣ маъмур ба наҷоти банӣ Исроил аз дасти Фиръавн мешавад. Ҳазрати Мӯсо пас аз наҷоти бани Исроил дар миёни қавми худ мутаҳаммили озор ва азияти зиёде шуданд ба тавре, ки бани Исроил баҳонаҳои зиёде ба ишон мегирифтанд ба ҳадде, ки ғизоҳои биҳиштиро рад мекарданд ва ба ғизоҳои заминӣ иктифо карданд ва ё инки ба Мӯсо (а) баҳона меоварданд, ки Худоро барои мо биёвар то онро бубинем ва... .
Паёмбарони дигаре ҳам саргузашташон дар Қуръон зикр шуда. Ба унвони мисол: ҳазрати Одам (а), ҳазрати Нӯҳ (а), ҳазрати Ҳуд (а), ҳазрати Солеҳ (а), ҳазрати Исмоил (а), ҳазрати Юсуф (а), ҳазрати Исо (а) ва... .
Ва ин мутааддид будани шарҳи зиндагии паёмбарон дар Қуръон моро ба як нуктаи аслӣ мерасонад, ки барои пешрафт ва тараққии улгу қарор додани инсони солеҳ ва бузург нақши асосӣ дорад. Чизе, ки ҷомеаи имрӯзӣ аз он ғофил аст.