Ба гузориши ИКНА аз Кирмон, маросими ба хок супурда шудани шуҳадои ҳодисаи террористӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмон дирӯз, 5 январ дар мусаллои Имом Алии (а) шаҳри Кирмон оғоз шудааст. Хонаводаи шуҳадо дар маросим ҳузур доранд ва мардуми қадршинос аз ҳар гӯша ва канор худро ба ин маросим мерасонанд.
Ин маросим боҳузури раисҷмҳур, фармондеҳони низомӣ ва интизомӣ ва масъулони кишвари Эрон ва устонӣ баргузор шуд ва пайкарҳои мутаҳҳари шуҳадо пас аз ҷаноза барои тадфин ба Гулзори шуҳадои Кирмон мунтақил шуданд.
Мардум бо сардодани шиорҳои монанди «марг бар Амрико», «Ҳусайн Ҳусайн шиори мост шаҳодат ифтихори мост», «марг бар Исроил», «вой агар Хоманаӣ ҳукми ҷиҳодам диҳад артиши дунё натавонад, ки ҷавобам диҳад» ва... Инзиҷори худ аз ҷиноятҳои истикбори ҷаҳониро фарёд мезаданд.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Раисӣ, бомдоди дирӯз ҷиҳати ширкат дар ин маросим ба Кирмон сафар кард.
Сардор Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорон ва фарзандони ҳоҷҷи Қосими Сулаймонӣ низ бо ҳузур дар мусаллои Имом Алӣ (а)-и Кирмон бар тобути пайкари шуҳадо бӯса заданд.
Сардори Ғайбпарвар, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳ дар қароргоҳи амниятии Имом Алӣ (а) бо ҳузур дар маросими хоксупории шуҳадои Кирмон бо баён инки ҳеҷ куҷои дунё куштани зан, кӯдак ва мардуми ғайри мусаллаҳ арзише надорад, гуфт: ДИИШ дар қад ва қуворае нест, ки ба онҳо паём бидиҳем.